Взгляд.ру хабар дод, ки мақомоти Туркманистон қасд карданд, тазриқҳои (сӯзандору) зебоӣ ва дароз кардани нохуну часпонидани мижгонро манъ кунанд
Маълум шуд, ки маъмурони интизомӣ муваззаф шудаанд, ки барои сӯзандоруи ботокс, васеъ кардани лабҳо, контурсозӣ, татуаж, часпонидани мижгони дароз ва истифодаи нохунҳои сунъӣ ба маблағи 300-500 манати туркманӣ (тақрибан 1000 то 1500 сомонӣ) ҷаримабандӣ кунанд.
Кормандони пулиси Туркманистон ба салонҳои зебоӣ ҳушдор медиҳанд, ки ин қабил хидматрасониҳои косметикиро қатъ кунанд.
Шабакаи телевизионии 360° ва бахши туркмании радиои Озодӣ низ дар тасдиқи ин хабар иттилоъ доданд, ки барои риоя нашудани қарори мазкур, мақомоти интизомии Туркманистон бо таҳдиди ҷарима ё ҳабси то 15 рӯз ба ороишгарони салонҳо пешбинӣ кардааст.
Қарори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои туркзабон баҳси зиёдеро густардааст, аммо ҷонибдорони қарор бештар дида мешаванд. Хелеҳо бар он назаранд, ки дар моҳи шарифи рамазон шурӯъ шудани ин иқдом беҳтарин амал аст.
Барои маълумот, тазриқҳои зебоӣ ин амалест, ки тавассути сӯзандору зери пӯст моеи махсус равон мекунанд, то ҳаҷми рӯй варамида, ожангҳо бартараф шаванд. Аммо ин амал натоиҷи ҳалокатбореро ҳам бор овардааст, ки чеҳраҳо ба таври ваҳмангез тағир ёфта, бархе ба бемориҳои саратони пӯст ҳам гирифтор шудаанд ва ҳамарӯза қурбониёни роҳи зебонамоӣ низ бештар мешаванд..