Categories Хабарҳо

Эътрозоти густурда дар Фаронса алайҳи қонуни бознишастагӣ

Ҳудуди 500 ҳазор нафар дар Фаронса дар эътироз ба ислоҳи низоми бознишастагӣ таҷаммӯъ карданд. 

Шумори ширкаткунандагон дар тазоҳурот алайҳи ислоҳи низоми бознишастагии Фаронса, ки дар 250 минтақаи саросар ин кишвар баргузор мешавад, ба 500 ҳазор нафар расидааст. 

Бар асоси омори ташкилкунандагони эътирозот 250 ҳазор нафар аз аҳолии Париж алайҳи давлати Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса тазоҳурот мекунанд. 

Мӯътаризон дар гурӯҳҳои пароканда ба самти яке аз майдонҳои марказии Париж роҳпаймоӣ мекунанд. Гаҳ гоҳ миёни онҳо ва маъмурони полис даргирӣ сурат мегирад. 

Аз сӯи дигар, ширкати хати ҳавоӣ “Air France” 30 дарсад аз парвозҳои дохилии ин кишварро, ки қарор буд фардо анҷом шавад лағв кард. 

Ба гузориши расонаҳои Фаронса фақат дар Париж беш аз 70 нафар дар ин нооромиҳо дастгир шудаанд. 

Полис дар атрофи кохи риёсати ҷумҳурӣ тадобири шадиди амниятӣ иттихоз кардааст. Имрӯз 6000 маъмури полис аз ҷумла 180 моторсвор дар хиёбонҳои Париж ҳозир шуданд. 

Ҷалиқазардҳо низ дар эътирозоти имрӯз ҳузур доштанд. Бурҷи Эйфел баста ва ҳаракати аксари сафарҳои қаторҳои тезгард низ лағв шудааст. Ҳудуди 80 дарсади омӯзгорони мадорис Париж имрӯз ғоиб будаанд. 

Тибқи тарҳи ҷадиди давлати Эммануэл Макрон сини бознишастагӣ аз 62 ба 64 афзоиш меёбад ва барои бознишастагӣ қабл аз он ҳуқуқи камтаре пардохт мешавад.

Дар , , , ва    моро пайгирӣ кунед!

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *