Коршиноси умури энержии Тоҷикистон мӯътақоид аст, ки камбуди шадиди барқ дар кишвар натиҷаи пур шудани аз се як ҳисса аз сарбанди 300 метрии нерӯгоҳи барқи обии Норак аз гилу лой аст.
Ба гузориши сомонаи Авесто, муҳандис Камолиддин Сироҷиддинов бо интишори матлабе гуфтааст, бар асоси хулосаҳои фаннӣ, ки чанд соли пеш бо кумаки молии банки ҷаҳонӣ анҷом шуд акнун 33 дарсад аз ҳаҷми сарбанди 300 метрии нерӯгоҳи барқи обии Норак аз гилу лой пур шудааст, ки мӯҷиби коҳиши зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ ва буҳрони камбуди шадиди энержӣ мешавад.
Камолиддин Сироҷиддинов гуфтааст, «Дарёи Вахш, ки оби мавриди ниёзи сарбанди нерӯгоҳи Норак барои тавлиди солонаи наздик ба 3 миллиард киловатт соат барқ аст, тавассути 9 турбин ин нерӯгоҳро таъмин мекунад ва дар фаслҳои баҳору аввали тобистон гилолуд аст ва лойрӯбӣ нашудани сарбанди 300 метрии он аз соли 1972 то ба ҳол ҳамасола мӯҷиби коҳиши тавлиди барқ мешавад.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти барқ дар деҳоти кишвар аз шаби 5 январи соли ҷорӣ иҷроӣ шуд, ки аз соати 23 шаб то 6 субҳ барқ қатъ мешавад.
Далели иҷроии дубораи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон коҳиши мизони захоири об дар сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон мешавад, ки дар муқоиса бо зимистони соли 2020 бо коҳиши 4 метрӣ рӯ ба рӯ шудааст.