Имрӯз, 28 июн мизи гирд бо ширкати коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ дар мавзӯъи «Шикасти сулҳи тоҷикон: иллатҳо, паёмадҳо ва дарсҳо» дар шабакаи “Зум” баргузор мегардад. Дар ин бора сухангӯи ҲНИТ Бобоҷон Қаюмзод дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Қарор аст дар нишаст Муҳиддин Кабирӣ. раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, Эдвард Лемон, устоди донишгоҳи Амрико, Руслан Айсин, коршиноси маркази “Поистине”, Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва раҳбари департаменти иттилоотии ПМТ ва Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқ ва устоди донишгоҳи Амрико суханронӣ кунанд.
Нишаст соати 15.00 ба вақти Олмон, 16.00 ба вақти Маскав ва 18.00 ба вақти Душанбе дар утоқи онлайнии зерин шурӯъ мешавад;