КАСЕРО МЕДОНЕД?
Агар «донишмандони мо» асардуздиро бас карда, ру ба омузишу таҳқиқ наоранд ва ба фикри ҳалли мушкилоти ҷомеа набошанд;
Агар таърихи миллат фориғ аз сиёсати кунунӣ таҳқиқ ва ба миллат расонида нашавад;
То замоне, ки муҳаққиқону таҳлилгарони мо бо пропагандаи режим овора мемонанд;
Давлатсозӣ муҳол аст, худшиносӣ аз байн рафта, бақои миллат ҳам зери суол меравад.
Чаро?
Олимони дарбории мо овора ба асардуздиянд. Аз раисҷумҳур сар карда, то охирон нафари пойбанд ба режим ҳама асардузду гапдузду ҳарфдузданд.
Касе аз академикҳои мо дар фикри ҳампо будан ба ҳаёти муосир нест. Ҳатто истеҳсоли намак дар Тоҷикистон то ҳол бо усули бобоӣ аст. Як ароба ихтироъ накардаем. Академияи улум як ниҳоди муфтхур, дафтари ин ниҳод пансионати пиракиҳои аз дунё дилмонда аст.
Касе аз академикҳои мо дар фикри ҳифзи мероси адабию фарҳангии мо нест. Ҳамаро дигарон азони худ карда истодаанд.
Касе аз таърихдону таърихнигорони мо дар андешаи ҳифзи таърихи ниёгони мо нест. Таърихи гузаштаи мо дорад аз они дигарон мешавад.
Бо таърихи мо миллатони дигар филмҳо месозанд, ҳунармандону филмнависони мо думбаро аз курсӣ бардошта, як бор сарро аз тиреза берун намекунанд. Ҳоло дар бораи сабти филмҳои таърихӣ дар талу теппаҳо гап назанем ҳам мешавад.
Ҳунармандони ҳирфаии мо чунон тамбалу беҷасорат шудаанд, ки ҳиммати баландтаринашон «максимум» соле моҳе якбор саҳнаи театр шудаасту тамом. Кор рафта истодааст, маоши 800-1000 сомонӣ омада истодааст. Ба кам қаноат кун. Гуфти хуҷандиҳо «тизе даркор ба худ дарди сар харида.»
Ҳоло дар ин сисолаи охир ҳунари шоиру сухандон аз доираи пропаганда берун нашудааст.
Хонандагону донишҷуён «зомби».
Ба ҷуз пешвопарастӣ дигар ягон омузиш дар муассисаҳои таълимӣ муҳим нест. Маршировка бошад, рақс бошад, суруд бошад.
Мақоли халқӣ «нон бошад, рақсу суруд ҳам мешавад», дар Тоҷикистон баракс аст. Дар мо рақсидаю суруда мегардем, нон худаш омадан мегирад, «гуманитарный помощ» ҳастку. Раисҷумҳури мо ҳунари калони талбандагӣ дорад. Гушна монем металабад. Нафсро бад кардан чи лозим? Бо ҳамин як бурида нону як «баклажка» об ҳам рақсида гаштан мешавад. Муҳим як қисмамон бояд рақсида истем ва қисми дигарамон рақси моро дида фикр кунанд, ки ҳама гул аст.
Акнун худатон як нағзакак фикр кунед, дар ҳоле ки муҳимтарин машғулияти донишҷу маршировкаю машқи рақсидан аст, Академияи улум чойгаштаки чанд пиракии аз дунё дилмонда аст, парлумон осоишхонаи пеш аз нафақа аст, мо чигуна метавонем давлат созему муттаҳид шавему пеш равем?
Ки дар ғами пешравист?
Касеро медонед?
Шавкати Муҳаммад