Рубрики Хабарҳо

Ҷанги шадид байни Толибон ва нерӯҳои амниятии афғон 40 кушта бар ҷой гузошт

Даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии афғон дар устони Фараҳи ғарби ин кишвар, дастикам чиҳил кушта бар ҷо гузошт.

Фармондеҳи артиш дар ҳавзаи ғарби Афғонистон эълом кард, бар асари ду даргирӣ дар наздикии Болоблук ва Фараҳ, маркази устони Фараҳ, 39 нафар аз Толибон ва як полис кушта шуданд.

Дар ин даргириҳо, даҳ узви Толибон ва ду нерӯи полис ҳам захмӣ шуданд.

Ҷасади чанд фармондеҳи маҳаллии Толибон низ миёни кушташудагон аст.

Устони Фараҳи Афғонистон муддате аст, ноамн шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *