Абдуалӣ Тоиров, донишманди шинохтаи тоҷик дар риштаи физика, 22-юми апрел бар асари бемории илтиҳоби шуш даргузаштааст. Ӯ 73-сола ва мудири Лабораторияи электроникаи квантии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С.Умаров буд.
Тоиров рӯзҳои ахир дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, бемористони машҳур бо номи Якум Советский дар Душанбе табобат мегирифт.
Донишманди тоҷик яке аз чаҳор нафарест, ки ба қавли мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз бегоҳии 21-уми апрел то 22-юми апрел аз бемории илтиҳоби шуш ҷон доданд. Номи се нафари дигар ошкор нашудааст.
Дар ин бора радиои Озодӣ хабар дода менависад, яке аз ҳамкорони Абдуалӣ Тоиров 23-юми апрел гуфтааст, ӯро дар зодгоҳаш, деҳаи Симуганҷи ноҳияи Ваҳдат, дафн карданд. “Аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ба маросими видоъ наравед. Намедонем, дар чӣ шароит ба хок супурданд. Чанде пеш дар ҷойи кор, дар лаборатория, дида будем, сиҳат буданд, ниқоби тиббӣ доштанд”.
Дар ҳамин ҳол корбарони Радиои Паём навореро ирсол намуданд, ки дар он дида мешавад, чанд нафари ангуштшумор дар баробари як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ истода намози ҷаноза мехонанд. Дар навор гуфта шудааст, ки мурдаро аз дохили мошин берун накарданд.
Фавти чанд нафар дар минтақаҳои кишвар, ки мақомот дар аксари мавридҳо онро ба бемории илтиҳоби шуш рабт медиҳанд, нигаронии сокинонро ба миён овардааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар то кунун ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.