Дар Квинстан, Зеландияи Нав, ки ҳамчун зеботарин шаҳр дар ҷаҳон шинохта шудааст, мусалмонон пас аз солҳои тӯлонии омодагӣ ва ҷамъоварии маблағ ифтитоҳи аввалин масҷидро ҷашн гирифтанд. Дар ин бора расонаи хабарии Islam.ru хабар дод.
Раиси Маркази исломии маҳаллӣ Муҳаммад Надим гуфт: «Мо хеле хурсандем, ки ҷомеаи мусалмонон билохира ҷойгоҳи намозгузориро пайдо карданд, то имрӯз мо ҷойҳои ҷамъиятиро иҷора гирифтаем ва баъзан дар соҳили кӯли Вакатип намоз мегузоштем. Инак калиди биноро гирифта, имшаб аввалин намозамонро дар масҷид хондем».
Қайд карда мешавад, ки ҷомеаи мусулмонон аз моҳи марти соли 2019 ба ҷамъоварии маблағ барои масҷиди аввалини шаҳр шурӯъ намуда буданд.