Дар натиҷаи сӯхторе, ки шаби гузашта дар дар бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе рух дод се ошхона – “Сафо” (собиқ “Ҳоҷиён”), “Сомониён” ва “Наврӯз”, ба коми оташ рафтанд.
Сӯхтор ҳудуди як соат идома доштааст. Расонаҳо аз хисороти ҷиддии “Сафо” ва “Сомониён” ва қисман сӯхтани ошхонаи “Наврӯз” хабар медиҳанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи гуногун ошхона “Сафо” ба муфтии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода таъаллуқ дошта, аз тарафи бародараш идора мешуд. Қаблан дар ин ошхона маводи мухаддир падо карда буданд, ки баъдан сарусадоҳо хомӯш шуд ва маълум нагардид оё касе ҷазо гирифт ё на.
Бархе биноҳои воқеъ дар паси ин се ошхона низ қисман зарар дидаанд. То ҳол сабаби сӯхтор эълон нашудааст ва маълум нест он аз кадоми ин ошхонаҳо сар задааст.
Дар наворе, ки ба дасти Паём расид дида мешавад, ошхонаи “Сафо” комилан ба коми оташ рафтааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтаст, ки сӯхтор соати 02:25 оғоз шуда, масоҳати 1500 метри мураббаъро дар бар гирифтааст. 9 мошин сӯхторхомӯшкунӣ, ки аз тарафи ин ниҳод сафарбар шудааст, тавонистаанд давоми як соат сӯхторро хомӯш кунанд.
Кумита инчунин иттилоъ додааст, ки комиссияи махсус таъсис шуда, сабабҳои оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисоротро маълум мекунад.