Мақомоти аршади Созмони милали муттаҳид ба манзури пешгирӣ аз амиқтар шудани буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон, аз Владимир Путин хостаанд дар қиболи дарёфти имтиёзоте иҷоза диҳад содироти ғаллаи Укроин аз тариқи баҳри Сиёҳ идома ёбад.
Рейтерз ба нақл аз манобеъи хабарии худ гузориш карда, ки Антониу Гуттераш дабири кулли Созмони милали муттаҳид ба Владимир Путин раисҷумҳури Русия пешниҳод додааст, ки дар ивази пайвастани як шӯъбаи Бонки кишоварзии ин кишвар ба системи пардохти байналмилалии SWIFT, қарордодеро тамдид кунад, ки иҷоза медиҳад содироти ғалла аз Укроина дар баҳри Сиёҳ ба сурати амн идома ёбад.
Мӯҳлати тавофуқи содироти ғаллаи Укроин рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда тамом мешавад ва Русия таҳдид кардааст, ки онро лағв мекунад, зеро чандин дархости ин кишвар барои содироти ғалла ва нуриҳои минералии худ ба хориҷ бароварда нашудааст.
Ду киштии охире, ки таҳти тавофуқи баҳри Сиёҳ сафар мекунанд акнун дар ҳоли боргирии босуръат аз анборҳо дар бандари Одессаи Укроин ҳастанд.
Пайвастани дубораи Бонки кишоварзии Русия (Росселхозбанк) ба ба шабакаи пардохти байналмилалии SWIFT яке аз хостаҳои аслии Маскав дар моҳҳои ахир будааст. Иттиҳодияи Аврупо дар июни 2022 ин дастрасиро ба далели таҳоҷуми Русия ба Укроин қатъ кард.
Як сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо пештар дар моҳи май гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо тарҳи бозгардондани банкҳои Русияро дар дасти баррасӣ надорад. Бо ин ҳол хабаргузории Рейтерз рӯзи панҷшанбе 13 июл аз қавли се манбаъи огоҳ навишт, ки Иттиҳодияи Аврупо ба таври хосс дар ҳоли баррасии пайвастани яке аз ширкатҳои тобеъи Бонки кишоварзии Русия ба SWIFT аст то ин ширкат битавонад муомилоти ғалла ва нуриҳои минералиро анҷом диҳад.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин аз қавли ду манбаъи огоҳ гуфтааст, ки Антониу Гутерреш ба Владимир Путин пешниҳод дода Русия иҷоза диҳад қарордоди ғаллаи баҳри Сиёҳ барои чанд моҳ идома ёбад то Итиҳодияи Аврупо фурсат ёбад яке аз шӯъбаҳои Бонки кишоварзии Русияро ба SWIFT пайваст кунад.
Сухангӯи Созмони милал рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд, ки дабири кулли ин Созмон рӯзи сешанбе номае ба Путин ирсол карда ва дар он роҳе барои осонсозии бештари содироти маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералии Русия ва итминон аз идомаи нақлу интиқоли маҳмулаҳои ғаллаи укроинӣ дар баҳри Сиёҳ пешниҳод кардааст.
Стефан Дюҷаррик, сухангӯи Созмони милали муттаҳид, ҷузъиёти бештаре дар мавриди ин пешниҳод ироа накард аммо гуфт, ки Гутереш бо ҳама тарафҳои даргир дар ин мавзӯъ дар ҳоли гуфтугӯст ва моил аст дар мавриди пешниҳоди худ бо тарафи русӣ сӯҳбати бештаре анҷом диҳад.
Тавофуқи убури ғалла аз баҳри Сиёҳ ба ибтикори муштараки Созмони милал ва Туркия дар июли 2022 имзо шуд то асароти манфии ҷанг дар Укроин бар буҳрони ҷаҳонии ғизоро коҳиш диҳад. Барои мутақоид кардани Русия ба ин қарордод ҳамзамон ёддошти тафоҳуми се ола баста шуд, ки тибқи он мақомоти Созмони милал мувофиқат карданд ба Русия кумак кунанд то маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералии худро ба бозорҳои хориҷӣ бирасонад.
Ҳарчанд содироти маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералии Русия шомили таҳримҳои Ғарб пас аз ҳамла ба Укроин нест, бо ин ҳол Маскав мегӯяд маҳдудиятҳо дар пардохтҳо, лоҷистик ва бима монеъ барои содироти маҳмулаҳояш шудааст.