Ҷасади яке аз кишторонҳои эронӣ пас аз якуним шабонарӯз аз киштисӯзӣ дар обҳои Шарқии Чин пайдо шуд.
Киштии нафткаши эронӣ, ки дар соҳили шарқии Чин, дар нитиҷаи садама дучори сӯхтор гашта буд, то ба ҳол алангаи оташи он хомӯш нашудааст, иттлоъ додааст Хабаргузории “Ройтер”.
Ин хабаргузорӣ сӯбҳи дирӯз соати 8 ба вақти Кореяи ҷанубӣ баъд аз 36 соат аз ин вуқӯъи ҳодиса хабар додааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар киштӣ 32 нафар ҳузур дошт ва то ҳол танҳо ҷасади яке аз онҳо пайдо гаридасту халос.
Ба гуфтаи манбаъ: “Ин танкер 36 соат баъд аз оғоз оташсӯзӣ, акнун дар ҳолати инфиҷор ва ё ғарқ шудан қарор дорад, ва аз тарафи кишварҳои наздик ба ин ҳодиса барои наҷотдиҳӣ кӯмакҳои лозима, техника ва лавозимоти оташхомӯшкунӣ фиристода шудааст.”
Ин киштии нафткаш, ки дар он 136 тонна нафт буд, аз Эрон ба самти Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли ҳаракат буд, ки дар роҳ дучори садама гардид.
Ба гуфтаи манобеи эронӣ, арзиши бори ин киштии нафткаш ҳудуди 60 миллион доллар баробар бо 1 миллион адад бушкаи нафти хом будааст.