Ба рағми таҳримҳо, Кохи Сафед ҳамчунон бо Маскав дар тамос аст. Ба гузориши “Вол стрит журнал”, Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико бо афроди мӯътамиди Путин дар Кремл сӯҳбат кардааст. Гуфта мешавад мавзӯъ музокираи силоҳҳои ҳастаӣ будааст.
Бино ба гузориши “Вол стрит журнал” Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Иёлоти муттаҳида дар талош аст, ба вижа бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти истифода эҳтимолии аз силоҳҳои ҳастаӣ, аз густариши доманаи ҷанг дар Укроин бикоҳад.
Ин рӯзнома навиштааст, Салливан тайи чанд моҳи гузашта бо Юрий Ушоков, мушовири раҳбари Кремл ва Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, музокироти маҳрамона доштааст. Ин райзаниҳо то кунун аланӣ нашудаанд. Ин музокирот зоҳиран пас аз он сурат гирифт, ки давлати Маскав бо муттаҳам кардани мукаррари Укроин ба барномарезӣ барои истифода аз “бомби касиф”-и радиоактив, бидуни ироаи шавоҳид таҳдидҳои, лафзии худро ташдид кард.
Укроин борҳо эълом кардааст, ки қасди истифода аз чунин бомбаеро надорад. Дар муқобил, давлати Киев мутақобилан Русияро ба доштани чунин барномаҳое муттаҳам карда ва гуфтааст, Русия қасд дорад масъулияти истифода аз силоҳҳои ҳастаиро мутаваҷҷеҳи Укроин созад.
Кохи Сафед аз моҳи март, замоне, ки гуфта мешавад Салливан бо Патрушев сӯҳбат кардааст, ҳеҷ муколимае миёни ӯ ва як мақоми аршади Русияро ба таври аланӣ таъйид накардааст.
Эдриенн Уотсон, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, дар мавриди пурсиши “Вол стрит журнал” дар бораи азсаргирии музокирот гуфтааст: “мардум чизҳои зиёде мегӯянд.” Ӯ аз изҳори назари бештар худдорӣ кард. Кремл низ ба дархост барои изҳори назар дар ин замина посух надодааст.