Categories Хабарҳо

Бишкеку Душанбе дар бораи марз гуфтугӯ карда, аммо ҷузъиёташро нагуфтанд

Дар Бишкек даври навбатии музокирот барои муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додааст.

Дар давраи аз 3 то 9 феврал ҳайатҳои иборат аз гурӯҳҳои кории топографӣ ва коршиносони ҳуқуқ масъалаҳои минбаъда оид ба муайян кардани ҳудуди ду давлатро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи мулоқот «протоколҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд».

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Қирғизистон ҷузъиёти музокиротро эълон накарданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон Абдукарим Алимбоев мулоқот карданд.

Ҷонибҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ҳамаи баҳсҳои ҳудудӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шаванд.

Нақшаи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати таҳкими эътимод, танзими масъалаҳои фаромарзӣ ва пешгирии амалҳое, ки боиси бад шудани муносибатҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон мешаванд, таҳия ва қабул гардид.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *