Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон санаҳои анҷоми дарсҳо ва оғози имтиҳонҳои гузариш барои соли таҳсили 2024–2025-ро эълон кард.
Тибқи фармоиши вазири маориф, таътили тобистона ва ҷадвали имтиҳонҳои мактаббачагон ба таври зерин муайян шудааст:
Оғози таътил барои хонандагони синфи 1 аз 25 май оғоз меёбад.
Таҳсил барои синфҳои 2 то 11 то 31 май идома мекунад.
Ҷадвали имтиҳонҳо: синфҳои 4–8 ва 10: аз 2 то 10 июн. Синфи 9: аз 2 то 16 июн. Синфи 11 (хатмкунандагон): аз 2 то 20 июн.
Хонандагони синфҳои 4–8 ду имтиҳон, хонандагони синфи 9 панҷ имтиҳон, хонандагони синфи 10 се имтиҳон, хатмкунандагони синфи 11 шаш имтиҳон месупоранд.
Ба иттилои вазорат, имсол зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар саросари кишвар донишгоҳҳоро хатм мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube