Рубрики Хабарҳо

Восеъ: Фишори Муроди «телех»ба мардум

Тайи як ҳафтаи охир Муроди «телех»-муҳофизи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар оғози моҳи ҷорӣ масҷидеро дар ноҳияи Васеъ ба хок яксон карда буд, фишори худро болои мардум зиёд кардааст.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Хоҷа Қайнари ноҳияи Восеъ, баъд аз нашри хабари «Муроди «телех» масҷидеро ба хок яксон кард», акнун ӯ ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва қудратӣ дар ин ноҳия амр кардааст, ки ҳар чӣ зудтар омили асосии нашркунандаи хабарро пайдо ва муҷозот кунанд.

Инчунин вай ба мақомот дастур додааст, ки онҳо мардуми маҳаллӣ, бахусус аҳли он масҷиди тахрибкардаашро маҷбур кунанд, то бо нашри як раддияи дурӯғин аз Мурод Саидов, муҳофизи президент таърифу тавсиф ва ҳимоят кунанд. Мақомоти маҳаллӣ пас аз ин амри муҳофизи президент чанд нафарро, аз ҷумла сокини деҳаи Хоҷа Қайнар Умаралӣ Файзовро даъват ва бозпурсӣ кардаанд.

Ҳамзамон кормандони мақомоти қудратӣ ба он деҳа рафта, баъзе мӯсафедону калонсолҳои намозхонро ба хотири нашри ин хабар беасос таҳқиру тавҳин карда,  гуфтаанд, ки набояд ин хабар расонаӣ ва номи муҳофизи президент доғдор мегардид.

Пеш аз ин раиси ноҳия ба деҳаи Хоҷа Қайнар рафта, мардумро огоҳ карда буд, ки масҷидро ҳар чӣ зудтар холӣ кунанд, чун пагоҳ ё фардо тахрибгарон омада, онро ба хок яксон мекунанд. Аммо мӯйсафедону ришсапедони деҳа илтимосу зорӣ карда,  гуфтаанд, ки ҳукумат набояд ин корро анҷом диҳад! Мӯсо Ғаффорзода, раиси ноҳия гапи онҳоро хуб гӯш карда, дар посух ба онҳо гуфтааст, ки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар ин кор ҳеч дахле надоранд. Вайрон кардани ин масҷид танҳо пешниҳоди Мурод Саидов аст ва онҳо агар тавонанд Мурод Саидовро розӣ кунанд, чун вай мехоҳад дар ҷои ин масҷид бустонсарое бисозад.

Мардуми деҳа норизоиятии худашонро аз тариқи конолҳои худ ба Муроди «телех» расонида буданд, аммо ӯ худаш мардумро гӯш накард, ва масҷиди панҷвақтае, ки қариб 30 сол расман сабти ном шуда буд ва мардум дар он ҷо  намоз мехонданд, дар ду рӯз ба замин ҳамвор кард.

Деҳаи Хоҷа Қайнар дар минтақаи Кӯлоб ба деҳаи эшонҳо ва ё сайидзодаҳо низ шӯҳрат дорад, масҷиде, ки Муроди «телех» онро дар ду рӯз вайрону валангор кард, ба масҷиди эшонҳо низ маъруф буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *