Рубрики Хабарҳо

Нишасти топографии Тоҷикистону Қирғизистон ба охир расид, аммо маълумоте дода нашуд

Нишасти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини аломатгузории сарҳад, ки 10 март дар Душанбе оғоз шуда буд, ба охир расид.

Мақомоти Тоҷикистон ва расонаҳои давлатии кишвар ҳеҷ изҳорот ва маълумоти дар ин бора пахш накардаанд. Хабргузории қирғизии бо истинод ба хадамоти матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад, дар натиҷаи ин нишаст протоколи дахлдор ба имзо расидааст.

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ расонаҳои қирғизӣ ҳам маълумот намедиҳанд. Ончи аз натиҷаи ин вохӯрӣ маълум аст, ин аст, ки гуфта мешавад, вохӯрии навбатӣ дар қаламрави Қирғизистон доир мегардад.

Тибқи , ба ҳайати гурӯҳи кории Қирғизистон дар вохӯрии мазкур таҳти сарварии намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масоили марзӣ Назирбек Борубаев 15 нафар шомил буданд.

Ахиран ин вохӯрии 8-уми ҷонибҳо буда, қаблан Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода , ки дар соли 2022 дар доираи кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои корӣ бо намояндагони Қирғизистон 7 ҷаласа баргузор намуданд.

Бо ишора ба тавофуқи дуҷониба дар бораи ифшо накардани маълумот то анҷоми гуфтушунидҳо, ҳар ду тараф аз натиҷаҳои ҳосилшуда ин ҷаласаҳо маълумот намедиҳанд.

Моҳи декабри соли 2022 пас аз вохӯрии ҳайатҳо дар Ботканд зикр шуд, ки ҷонибҳо гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд.

Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *