Рубрики Хабарҳо

Комиссиюни ҳисоби хисорот таъсис шуд, аммо оё кӯмак мерасад?

Барои расонидани кӯмак ба зарардидагон ва муайян кардани хисороти ношӣ аз сел комиссиюни вижае дар Тоҷикистон таъсис шудааст. Таъсиси комиссиюн аз иқдомотест, ки мақомоти Тоҷикистон бо суръат анҷом медиҳанд, аммо кӯмакҳое, ки баъди ҳисоб шудани хисорот бояд бирасанд, ба нудрат ба дасти зарардидагон мерасанд. 

Тибқи иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба хонаҳои сокинони маҳаллӣ, ки зарар дидаанд, сафар мекунанд. Ин комиссиюн, ҳамчунин, раванди рафъи харобиҳо ва расонидани кӯмак ба осебдидагони офатҳои табииро роҳанжозӣ хоҳад кард.

Гурӯҳро Матлубахон Сатториён, муовини нахуствазири Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Ба гуфати манбаъ комиссиюни вижа аллакай аз ҷамоати деҳоти осебдидаи шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб дидан кардааст.

Шоми 27 август дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари боришоти шадид дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди деҳаи Ғуломони Лангаришоҳ мегузарад, сел фаромад.

Дар километри 2, 3, 4 ва 18-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор ва километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар минтақаи Варзоб низ зери об мондааст.

Ҳамчунин 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншоотҳои муҳофизатӣ зарар диданд.

Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса комиссияи вижа кор карда, ҳаҷми хисоротро арзёбӣ мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *