Вақте ду нафар ақди никоҳи саҳеҳ мебанданд, никоҳе, ки ҳама арконҳо ва шартҳояш побарҷост, никоҳ баста мешавуду ду ҷуфти бегона ҳамсари ҳамдигар мегарданд ва касе ҳақ надорад байни онҳо ҷудо кунад, магар худи онҳо. Вале худи онҳо ҳам барои аз ҳам ҷудо шудан, бояд далели кофӣ дошта бошанд, барои он ки никоҳу талоқ чизи бозӣ нест, балки аз қонунҳои Илоҳӣ аст ва ҳатман бояд эҳтиром гузошта шавад. Пас аз баста шудани ақди никоҳи саҳеҳ, ягона талоқ ва ё марг метавонад, зану шавҳарро аз ҳам ҷудо созад.
Аммо гоҳе мешавад, ки пас аз баста шудани ақди никоҳ, бидуни талоқу бидуни вафот яке аз ҳамсарон ҳаққи пош додани никоҳро ба даст меорад. Кадом вақт зан ё шавҳар бидуни талоқ ва ё вафоти ҳамсар метавонад, никоҳро ботил эълон кунад?
Ақди никоҳ аз пайвандҳои муқаддас аст. Бо баста шудани ақди никоҳ як оила ба вуҷуд меояд, сипас соҳиби фарзанд гаштан доираи он оила васеъ шудан мегирад. Барои бунёди як оилаи солим ва саодатманд ҳанӯз пеш аз номзади ду ҷуфт бояд заминасозӣ кунанд.
Неъмати аз айбу бемориҳои модарзодӣ пок будан, на барои ҳамагон насиб мебошад. Албатта дар ҷомеъа шахсони солим зиёданд, аммо онҳое, ки айбу бемориҳои модарзодӣ доранд, низ кам нестанд. Аз ин рӯ духтару писар ҳатман бояд пеш аз хонадор шудан, аз айбу нуқсонҳои ҷиддие, ки доранд ба якдигар хабар диҳанд.
Шахсе, ки бемории худро пинҳон карда бидуни огоҳ кардани ҳамсар хонадор мешавад, фиребгару хиёнаткор маҳсуб мешавад.
Агар духтар бемор бошад ва ё ягон нуқсони ҷисмонӣ дошта бошаду ба домод хабар надода ба шавҳар барояд, ба маҳзи он, ки домод аз фиреби арӯс хабардор шуд, метавонад ҳатто талоқ нагуфта ақди никоҳро вайрон созад. Инчунин, агар мард беморӣ ва ё нуқсонӣ ҷисмии худро ба тарафи арӯс нагуфта духтареро никоҳ кунад, ба маҳзи ошкор гаштани айби домод, тарафи арӯс ва ё худи арӯс метавонад, никоҳро ботил эълон кунад, магар ин ки пас аз фаҳмидани беморӣ ва ё нуқсони якдигар барои давом додани зиндагии муштарак тарафи фиреб шуда розӣ шавад. Дар ин ҳолат никоҳ вайрон намегардад.
Дар замони ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу марде гирифтори бемории бенаслӣ буд ва ба арӯс хабар надода издивоҷ кард. Вақте ҳазрати Умар аз ин ҳодиса хабардор шуд, он мардро ҷеғ зада гуфт: Ба ҳамсарат аз бемории худ хабар бидеҳ, сипас ба ӯ бигӯ, ки бо ту мондан ва ё аз ту ҷудо шуданро интихоб намояд.
Тамоми беморӣ ва ё нуқсонҳое, ки мард ба сабабаш ба ҳамсари худ нафрат пайдо мекунад ва барои барқарории муҳаббату маваддати ҳамсарӣ халал мерасонад, ба шавҳар ҳақ медиҳад, ки аз ҳамсараш ҷудо шавад.
Бемориҳои шадиди пуст, бемориҳои доимии занона, гирифтории аз ақл бегонагӣ, инчунин кутоҳ будани яке дастон ва ё пой, ё бемориҳои ирсӣ ва бемориҳое, ки хатарноку гузаранда мебошанд, ба мисли норасогии масунияти бадан ва амсоли инҳо. Ин бемориҳо айбҳое мебошанд, ки ҳатман пеш аз никоҳ бояд хабар дода шавад.
Аз тарафи зан ҳам агар домод соҳиби яке аз айбҳои дар боло зикр шуда бошад ва арӯс аз он хабар надошта бошад, арӯс метавонад беягон талоқ аз шавҳар ҷудо шавад.
Албатта агар имкон бошад сабр кардан ба бемории шарики ҳаёт ва зиндагиро давом додан беҳтар аст:
ان الله لا يضيع اجر المحسنين
Аллоҳ накӯкорону собиронро беаҷру савоб намегузорад.
Аммо агар ин бемориҳо сабаби нафрат пайдо кардану ҷангҷолҳои доимӣ, бадтар аз ҳама таваллуд шудани фарзандони бемору нуқсондор гардад, албатта беҳтар аст аз ҳам ҷудо гарданд.
Дар муснади Имом Аҳмад омадааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам бо зане аз қабилаи Ғифор издивоҷ карданд, дар шаби аввал Паёмбар диданд, ки он зан бемории сафед шудани пуст дорад, ки аз бемориҳои хатарноку гузарандааст, ба ӯ ҳатто даст дароз накарда гӯфтанд:
Ба назди хонаводаат бирав.
Аз Умар ривоят аст, ки ҳар зане, ки бо вуҷуди бемории ҷунун ва ё аз ақл бегонагӣ, инчунин бемориҳои аъзои таносулӣ ва ё бемориҳои ҷиддии пуст мардеро фиреб карда ба шавҳар мебарояд, мард ҳақ дорад, аз он зан ҷудо шавад, аммо агар ҳамбистар шуда бошанд, бояд мард ҳаққи маҳри он занро диҳад.
Агар хонаводаи арӯс айбу бемориҳои ҷидди духтарашонро пинҳон карда, бо роҳи фиреб духтарро ба шавҳар диҳанд, ба гарданашон қарз аст, то маҳру ҳадияҳои тӯёнаро ба домод, пас аз вайрон шудани никоҳ баргардонанд.
Аз Саъид ибни Мусайяб ривоят аст, ки ҳазрати Умар мегӯянд:
Кадом зане, ки издивоҷ кунад дар ҳоле, ки бемориҳое монанди аз ақл бегонагӣ, ва ё бемориҳои аъзои таносулӣ ва ё бемориҳои хатарноки пӯст дошта бошад ва пас аз ҳамбистарӣ шавҳар аз он бемориҳо бохабар гардад, бояд мард ба он зан ҳаққи маҳрашро диҳад, аммо аз валии он зан ва хонаводаи он зан маҳр ва хароҷоте, ки барои он зан кард, баргардонида гирад.
Ҳадияҳои гаронбаҳо ва маҳрро аз хонаводаи арӯс, махсусан валии арӯс меситонанд, барои он ки онҳо бемории духтари худро медонистанду бо вуҷуди он домодро фиреб карда духтарашонро ба ӯ доданд.
Аммо ин гуфтаҳо сабаб намешаванд, ки бо ҳар баҳонае, духтараки касро ту касал ҳастӣ ва ё ту духтар нестӣ гӯён аз хона ронем. Албатта бемориву нуқсонҳои ҷисмиро бояд ташхис карда, табибон исбот кунанд.
Оре, баъзе бемориву нуқсонҳое ҳастанд, ки беташхиси тиббӣ ҳам мешавад, ошкор кард, аммо агар рафту арӯс ва хонаводааш ба гардан нагирифтанд, бояд табиби мутахассисе бемории арӯс ва ё агар домод бемор бошад, бемории домодро исбот кунад.
Ба ҷуз бемориву айбҳои халқӣ баъзан домод ва ё арӯс пеш аз никоҳ шартҳое мегузоранд, ба мисли ҷавон будан, зебову хубсурат будан, ботақвову аз гуноҳ дур будан, сигориву алколнӯш набудани домод ва амсоли инҳо.
Агар домод пас аз никоҳ дид, ки арӯсаш ба он синну соле, ки ба ӯ ваъда кардан мувофиқ нест ва ё чигунае, ки арӯсро дар сурат дида буд, он арӯс нест, балки баҷояш яке дигареро нишон додаанд, дар ин ҳолат метавонад сабр карда ба арӯсаш розӣ шуда, зиндагӣ кунад ва ё никоҳро вайрон кунаду маҳр ва тӯҳфаҳои додаи худро бозпас гирад.
Бар акси ин агар арӯс ва хонаводааш диданд, ки домоде, ки тасаввур мекарданд, дигар буду домоди кунунӣ дигар аст, хеле зишт аст ва ё дар синну сол бузург аст ва ё худро худотарс таъриф карда буду алколиву сигорӣ будааст, метавонанд никоҳро вайрон сохта духтарашонро ба хона оранд ва ё сабр карда бо розигӣ зиндагиро давом диҳанд.
Аммо баъзе айбу нуқсонҳои кӯчак ба мисли каме қадпастӣ ва ё қадбаландӣ, биникалонӣ ва ё гандумрангӣ, инчунин баъзе бемориҳои оддӣ ба мисли касалиҳои пусти одди мисли сурхча ва амсоли инҳо, сабаби вайрон кардани никоҳ намегардад.
Барои он, ки беайбу бенуқсон танҳо зоти Ҳақ Аллоҳ мебошад, бақия мардумон ҳама як айбу камбудӣ доранд. Ба хотири ҳамин ҳар камбудиҳои кӯчакро гирифта барои вайрон кардани оила даст назанед. Никоҳ бо калимаҳои Илоҳӣ аҳду паймонҳои самими байни ду нафар баста мешавад. Бояд ба қонунҳои илоҳӣ эҳтиром қоим бошем. Ва ба аҳду паймонҳои худ барои камбудиҳои кучак хилоф накунем. Аллоҳ мегӯяд:
اوفوا بالعهد ان العهد كان مسؤلا
Ба аҳду паймонҳои худ вафо кунед зеро шумо масъулу ҷавобгари аҳду паймонатон мебошед.
Муслимаи Аҳмадӣ