Бо ҳадафи ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди кишвар ва муаррифии имконияту иқтидорҳои сармоягузории ҷумҳурӣ соли равон дар Душанбе форумҳои сармоягузории Тоҷикистон — Корея, Тоҷикистон — Кувайт, Тоҷикистон – Русия, Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон – Британияи Кабир ва инчунин Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар нишасти матбуотиаш иттилоъ дод.
Ҳамзамон Саъдӣ Қодирзода зикр намуд, ки соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор гардиданд.
Дар чаҳорчӯби онҳо бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо доираҳои сармоягузории Ҷумҳурии Мисри Араб, Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Узбекистон беш аз 90 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии қариб 1,1 миллиард доллар ба мувофиқа расонида шуданд, ки ин ба ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.
Ҳар сол на катмар аз ду дафъа раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти супориш медиҳад дар ҷалби сармояи хориҷӣ кӯшо бошанд, аммо Тоҷикистон дар рейтинги ҷалби сармоя дар охирин зинаҳо дар ҷаҳон қарор дорад. Гоҳе созишномаҳо ҳам имзо мешаванд, аммо асосан рӯи қоғаз боқӣ мемонанд. Сабаби инро коршиносон фасоди густарда, набудани озодиҳои иқтисодӣ ва фишори мақомот болои бизнес медонанд.