11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дидори Пелоси бо раисҷумҳури Тайван ва эҳзори сафири Амрико дар Пекин

Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар дидор бо Тсай Инвэн, раисҷумҳури Тайван бори дигар ҳамбастагӣ ва пуштибонии кишвараш аз Тайванро эълом кард. Вазорати хориҷаи Чин эълом кард сафири Амрикоро фаро хондааст. 

Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе севуми август бо Тсай Инвэн, раисҷумҳури Тайван дидор ва гуфтугӯ кард. Пелоси гуфт, ки сафараш ба ин ҷазира “ба вузӯҳ нишон медиҳад, ки Амрико, Тайванро танҳо намегузорад ва беш аз ҳар замони дигаре, пуштибонӣ ва ҳамбастагии Амрико бо Тайван аз аҳамият бархурдор аст.” 

Тсай Инвэн, раисҷумҳури Тайван низ дар посух зимни ташаккур аз сафари Пелоси ба кишвараш гуфт, ки “Тайван бо таваҷҷуҳ ба афзоиши таҳдидҳои низомии Чин, ақибнишинӣ нахоҳад кард.” Ӯ  афзуд: “Тайван шарики қобили эътимоди Амрико аст ва камокон дар арсаи амният, тавсеаи иқтисодӣ ва занҷираи тавлидоти ҳамкории танготанаге бо Амрико хоҳад дошт.” 

Пештар Пелоси дар дидор бо намояндагони парлумони Тайван таъкид кард, ки Амрико ҳамчунон пойбанд ба дифоъи оҳанин аз демокросӣ дар Тайван ва ҷаҳон аст. Ў афзуд: “мо хурсандем, ки Тайван яке аз озодтарин ҷомеъаҳои дунё аст.” Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико таъкид кард, ки қонунгузории тиҷории Амрико барои тақвияти саноеъ дар қиболи Чин фурсати ҳамкории иқтисодии беҳтаре бо Тайванро фароҳам мекунад. 

Эътирози Чин: Фаро хондани сафири Амрико 

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи сешанбе вориди Тайван шуд. Сафари Нэнси Пелоси ба Тайван, сафари баландпоятарин мақоми амрикоӣ дар 25 соли гузашта ба ин кишвар аст. 

Дар эътироз ба ин сафар, вазорати хориҷаи Чин эълом кард, ки сафири Амрико дар Пекинро фаро хондааст. Пекин, ки Тайванро бахше аз хоки худ арзёбӣ мекунад, сафари Пелосиро “бозӣ бо оташ” хонд ва аз Амрико хост “фавран ба иштибоҳи худ расидагӣ кунад ва иқдомоти амалиро барои хунсо кардани асароти манфии сафари Пелоси ба Тайван анҷом диҳад.” 

Дар муқобил, Ҷон Кёрби, ҳамоҳангкунандаи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, дар вокуниш ба энтиқодоти Чин гуфт, ки раиси Маҷлиси намояндагони Амрико аз ҳаққи худ барои сафар ба Тайван истифода кардааст. Ў таъкид кард, ки сафари Пелоси нақзи сиёсати “Чини ягона” аз сӯи Амрико нест. 

Ҳамзамон бо фуруди ҳавопаймои Нэнси Пелоси ба Тайван, 20 фарванд ҷети ҷангандаи чинӣ вориди осмони минтақа шуданд. Як соат баъд артиши Чин эълом кард, ки “артиши озодибахши халқ аз рӯзи панҷшанбе чандин манёври низомӣ дар осмон ва баҳр атрофи Тайван баргузор мекунад.” Дар баёнияи артиши Чин ҳушдор дода шуда, ки ҳеҷ киштӣ ва ё ҳавопаймое набояд дар ин муддат вориди маҳдудаи манёвр шавад. 

Хабаргузории Кяодо, ба нақл аз Ҳирокатсу Матсуно, сухангӯи давлати Ҷопон нигаронии худро аз баргузории размоиши Чин “Дар наздикии маҳдудаи иқтисодии Ҷопон” эълом кард. 

Амрико равобити дипломатики расмӣ бо Тайван надорад, аммо тибқи қавонини ин кишвар муваззаф аст абзори дифоъӣ дар ихтиёри ин ҷазира қарор диҳад. 

Дар пайи ҷанги дохилии Чин дар соли 1949, ҳизби насионалистии Чин “Куминтонг” сарзамини аслиро ба ҳизби коммунист вогузар кард ва давлати ҷумҳурии Чин ба раёсати Чан Кай Ши дар ҷазираи Тайван мустақар шуд ва шаҳри Тайбэйро ба унвони пойтахти муваққати давлати дар табъиди ин кишвар баргузид. Ҷумҳурии халқии Чин ҳукумати Тайванро ғайриқонунӣ медонад ва хоҳони бозгашти ин сарзамин ба хоки аслии Чин аст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *