Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кардааст бо роҳи заминӣ ба Қазоқистон сафар накунанд.
Сабаби ин тавсияи ВКХ сардии шадиди ҳаво дар ин кишвар ва эълони вазъи фавқулъода дар он гуфта шудааст.
Дар баёнияи вазорат омадааст:
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи ин давлат рабт дорад, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд.
Чанд рӯз қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Қазоқистон дар вилояти Акмола 57 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мусофирбарашон дар роҳ шикаста буд, аз хунукӣ наҷот дод.