Баъди ҷашнгирии иди каду дар якшанбеи гузашта, мақомоти Тоҷикистон аз баргузории иди тарбузу харбуза ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Тарбуза харбуза ба Истиқлолияти Тоҷикистон чӣ рабте дорад, иттилоъ дода намешавад.
Қаблан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буд минбаъд идҳои ангуру себ низ ҷашн гирифта шаванд.
Тоҷикистон кайҳо ба кишвари иду ҷашнҳо табдил ёфтааст. Ҳама чиз дар кишвар, сиёсат, иқтисод, маориф, тиб… ба ҷашнҳо баста шудаанд. Агар ҳатто дар ақабмондатарину диктотуртарин кишварҳои дунё вазифаи аввалиндараҷаи хонандагони мактабу донишҷӯён хондан бошад, дар Тоҷикистон ширкат дар “маршировка” аст. Сатҳи дониш, баҳо, имтиҳонсупорӣ, гирифтани ҳуҷҷат… ҳама чизи хонандаву донишҷӯ маҳз аз ҳамин “маршировка” вобаста аст.
Соли дуввум аст, ки ҳукумат бо “Ҷашни 30-солагии Истиқлолият” гӯши марудмро кар кардааст. Тамоми баромадҳои раисҷумҳур, маҷлисҳои ҳукумату парлумон, мулоқотҳояш бо роҳбарони вилояту ноҳияҳо, корхонаву идораҳо ва ҳатто кӯдакони боғча ба ҳамин ҷашн дакка мехӯрад. Дар ин ду сол ҳеҷ баромаду вохӯрии ӯ бидуни зикри “Ҷашни 30-солагии Истиқлолият” нагузаштааст.
Тамоми сохтмонҳову бунёди иншоот дар кишвар сар аз корхонаҳои бузурги муштарак бо Чин то сартарошхонаву дӯкони гӯшт ва ҳатто дар баъзе манотиқ ҳоҷатхона ба ин ҷашн нисбат дода мешавад. Хабаргузориҳои давлатӣ низ маҳз ҳаминро таъкид мекунанд. Ховар онро ҷабҳаи бузурги созандагӣ номидааст ва ҳар рӯз аз бунёди даҳҳо иншоот ба муносибани ин ҷашн дар манотиқи гуногуни кишвар хабар медиҳад. Оё шумо медонед – қисми асосии он иншооте, ки Ховар бо ифтихор аз бунёдашон хабар медиҳад сартарошхонаву дӯконҳои хурд ва ҳатто ҳоҷатхонаҳои умумӣ ҳастанд? Агар намедонед ё бовар намекунед, ба сойти дафтари матбуотии раисҷумҳур даромада пайгирӣ кунед.
Ин кор, яъне кашидани зеҳни мардум ба иду ҷашнҳо як таҷрибаи қадимии давлатдорӣ аст, ки ба ҳукуматҳо кӯмак мекунад андешаи мардумро аз мушкилоти рӯзмарра канор барад. Вале он кӯҳна шудааст. Ҷаҳон ба як деҳаи хурдакак табдил ёфтааст, ки хабар дар чанд сония дар кулли он паҳн мешавад.
Ҷашну идҳо дигар ба дарди касе намехӯрад – дар он ҳади аксар 0,1 дарсади мардум ширкат мекунанд. Тарғиботи расонаҳои давлатӣ низ асаре надоранд – телевизионҳои Тоҷикистонро ҳади аксар 20 дарсади мардум тамомшо мекунанд. Дигарон кайҳо ба тамошои шабакаҳои хориҷӣ гузаштаанд ва аслан намедонанд дар шибакаҳои Тоҷикистон чӣ намоиш медиҳанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон мисли ҳама иқдомҳои дигарашон мехоҳанд бо усули кӯҳнаи бобоӣ зеҳни мардумро машғул доранд.
Ҷашни Истиқлолияту Сарқонуну Ваҳдат як тараф, акнун зоҳиран мехоҳанд барои ҳамаи меваву сабзавот низ иду ҷашн созанд. Тасмимҳои ахири мақомот барои ҷашнгирии иди кадуву ангуру себ ба қавле “шӯрашро даровард”.