Мақомоти марзии Қирғизистон дар якшабонарӯзи гузашта аз ду мавриди ба таври қочоқ ворид шудани маводи хурокӣ ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Дар иттилоияи Дафтари матбуотии хадамоти марзбонии Қирғизистон омада, ки марзбонони ин кишвар дирӯз дар шаҳраки Лайлаки вилояти Бодканд 15 тонна меваи қочоқро аз як шаҳрванди Қирғизистон кашф ва забт карданд.
Ҳамчунин шаби гузашта дар шаҳраки Лайлак мақомоти қирғизистон монеъ аз қочоқи 17 тонна орд ба Тоҷикистон шуданд, ки омили ин қонуншиканӣӣ як шаҳрванди Қирғизистон будааст.
Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳо аст аз лиҳози амниятӣ ва сиёсӣ хабарсоз буда ва талошҳои мақомоти ду кишвар барои ҳаллу фасли комили масоили марзӣ ҳануз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст.
Аммо, сокинони наздимарзии ду кишвар баробари ихтилофи марзӣ, муносибатҳои зичи иқтисодиро давом медиҳанд. Дар бозорҳои рустоҳои наздимарзии ҳарду кишвар сокинон хариду фурӯши густарда доранд. Аксар вақт доду гирифтҳои молу колоҳо байни тоҷирони ин ду кишвар ба хотири гаронии боҷу хироҷи гумрукӣ ба таври қочоқ суръат мегирад.