Рубрики Хабарҳо

Интернет дар Тоҷикистон сусттарин дар ҷаҳон аст

Аз 126 кишваре, ки маълумот оиди суръати интернет дар онҳо дастрас шудааст, ин суръат Тоҷикистон камтарин буда, ҳамагӣ 4,7 Мбит/с-ро ташкил медиҳад.

Тибцқи иттилои сомонаи Speedtest.net суръати интернет дар Тоҷикистон аз Исландия, ки дар ҷои аввал қарор дорад, 14 баробар ва аз Қирғизистон, ки мавқеъи 99-умро касб кардааст 3 баробар сусттар аст.

Пас аз Тоҷикистон дар ин рӯйхат танҳо Либиё ва Ироқ — ду кишвари ҷангзада қарор доранд. Суръати интернет дар Ӯзбекистон ҳам, ки байни кишварҳои собиқи шӯравӣ қабл аз Тоҷикистон ва дар рӯйхати умумӣ дар ҷои 115-ум қарор гирифтааст, ду баробар тезтар аст.

10 сол қабл суръати интернет ва рушди соҳаи коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон яке аз беҳтарин дар собиқ Иттиҳоди шӯравӣ буд. Аммо бо ба раёсати Хадамоти алоқа расидани қудои раисҷумҳур Бег Сабурӣ ва ба соҳаву кӯшиши монополия кардани он, ин соҳа рӯ ба таназзул ниҳод.     

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *