Вақте ҳукумат Қонуни асосиро таҷовуз ва ҳама арзишҳову муқаддасотро зери по мекунад.
Вақте ҳар мансабдори пастфитрату ҳар чоплуси бешараф барои тавҷеҳи ҷиноятҳои мақомот ҳар шаҳрванд ва мардуми як минтақаро бидуни ҳукми додгоҳ ҷинояткору хоину ифротиву терурист мехонад ва ин ҷиноятро расонаҳои ҳукуматӣ ба такрор нашру пахш мекунанд.
Вақте ҳукумат барои шикастани рӯҳияи озодихоҳӣ ва ворастагии помириҳо таи бисту анд сол чандин бор амалиёти низомӣ баргузор мекунад ва чандин инсонро мекушад.
Вақте ҳукумат ҳангоми амалиёти ахираш фақат дар Вамар даҳҳо нафар шаҳрванди бегуноҳ ва адолатхоҳро бо бераҳмии тамом қатл мекунад.
Вақте ҳукумат беш аз 500 нафар тоҷики помириро фақат ба хотири додхоҳӣ ва талаби ҳаққашон боздошту шиканҷаву зиндонӣ мекунад.
Ҳар инсони озода, ки барояш шарофату каромати инсонӣ арзишманд аст, ошкору пинҳон эътироз хоҳад кард ва худро помирӣ хоҳад донист.
*****
Имрӯз помирӣ будан танҳо тааллуқ доштан ба як минтақа ва мардуми гӯшае аз Тоҷикистон нест.
Имрӯз помирӣ будан баробар бо тоҷик будан аст. Бо тоҷике, ки дар муқобили зулми ҳукумати ғайримиллӣ ва манғитӣ истода аст.
Помирӣ будан ба фасоду тамомиятхоҳӣ ва инҳисоргароии як хонавода, як гурӯҳ ва намояндаҳои як маҳал, ки умури кишвар ва ҳамаи манобеъ ва имконоту имтиёзоти моливу иқтисодиро ғосибона ва таҷовузкорона дар қабзаи худ гирифтаанд, бо садои расо «НЕ» гуфтан аст.
Имрӯз помирӣ будан адолатхоҳ будан, дар баробари саркӯб, фитна, зӯргӯӣ ва худкома мардонавор қад алам кардан аст.
Помирӣ будан озода будан, ҳатто дар баҳои ҷони худ аз арзишҳои миллӣ, аз ҳамтаборони худ ва инсофу имону ҷавонмардиву … пуштибонӣ кардан аст.
Имрӯз помирӣ будан арзишҳои инсонӣ, мисли азхудгузаштагӣ, дӯстӣ, бародарӣ, ҷоннисорӣ, якрӯӣ, садоқат, ҷасорат, самимият, мардумдорӣ, ватанхоҳӣ, каромат, шарофат ва вижагиҳое аз ин дастро таҷассум мекунад.
Пиндору гуфтору кирдоре, ки боиси тафовути як инсони озода дар баробари золим ва ғулом мегардад, нишонаи помирӣ будан аст.
Имрӯз агар Гулбиддинро ноҷавонмардона ва дар пеши чашми шоҳидон шиканҷа карданду парониданду куштанд, ин ба он маъно нест, ки ғайрати помириро аз байн бурданд. Ҳатман даҳҳо тан Гулбиддин ба майдон хоҳад омад ва номуси хоҳарони худро дар баробари қасди нопок ва чашмони ҳарису танги мансабдорони дарандахӯ, ҳатто ба қиммати ҷонаш, дифоъ хоҳад кард.
Имрӯз агар Ёдгор, он инсони шариф, хоксор, беозор, ватанхоҳ, миллатдӯст, бошараф, якрӯй ва содиқро дар камоли ноҷавонмардӣ ҳамроҳи чанд тан аз ҳамтабору ҳамдиёраш куштаву саҳнасозӣ карданд ва силоҳ рӯйи ҷасад ё канори ҷасадҳо гузошта онҳоро бадном кардан хостанд, ниҳояти кор нест. Ҳатман даҳҳову садҳо Ёдгор ба майдон хоҳад омад, то ҳатто ба қиммати ҷони худ аз ҳамтаборонашон дар муқобили ҳуҷуми чингизонаи одамкушҳои ҳукумати хонаводагӣ саф кашанд ва бо дасти холӣ дар баробари афроди силоҳдор биистанд ва нидо сар диҳанд, ки дигар куштани помирӣ бас аст!
Номи онҳо, то як рӯшониву помирӣ ҳаст, ба некӣ ёд хоҳад шуд, ҳамон гуна, ки хиёнати бархе мансабдорони рӯсиёҳи ҳамдиёрашон фаромӯш намешавад, ҷавонмардии Ёдгору ёронаш фаромӯш нахоҳад шуд.
Имрӯз агар Муҳаммадбоқирро куштанд ин дигар пирӯзии ниҳоӣ барои ҳукумати худкома нест. Боқир ҷавонмард буд. Ҳеч гоҳ таслим нашуд. Таслим ба номардҳоро таҳқири ҳамаи арзишҳои инсонӣ медонист. Дар камоли ҷавонмардӣ ба истиқболи марг рафт. Барои дифоъ аз манфиати ҳамдиёронаш кушта шуд. Ба пои худ, бидуни ҳеч силоҳ рӯ ба рӯи одамкушҳое, ки саропо мусаллаҳанд ва аз хоҷаи бераҳмашон фармони куштанатро гирифтаанд, қадам задан воқеан ҷасорату ҷавонмардӣ мехоҳад. Вижагии як инсони вораставу озодае, ки тамоми генералҳову хоҷаашонро як ҷо ҷамъ орӣ як дар сади ин ворастагӣ, озодагӣ ва ҷавонмардиро надоранд. Тарсуҳоянд, ки вақте сари қудратанд, ба сӯи мардуму фарзандони сарбаланди кишвар фармони тир парондан медиҳанд.
Имрӯз Муҳаммади Султон, ин мӯйсафеди ҳақталаб ва ҷасур, ин марди ватандӯст ва сарбаландро дар камоли бешарафӣ ва золимӣ боздошт ва зиндонӣ кардан, ба маънои ниҳояти эътироз дар баробари бедод ва талоши ошкор кардани хиёнату ҷиноятҳои мансабдорони ношоистае мисли Саймумин Ятимов нест. Ҳатман даҳҳо тан Муҳаммад Султон ба майдон хоҳанд омад.
Имрӯз агар блогнавис ва пажуҳишгари хоксору пухтакору беозор Хушом Ғуломро бе ҳеч ҷурму гуноҳ боздошт ва зиндонӣ мекунанд, ба ин маъно нест, ки дигар ҳеч помирӣ блогнависӣ нахоҳад карду ҳавои омӯзишу пажуҳиши забонҳои помириро дар сар нахоҳад дошт. Ҳатман даҳҳо тан пайдо мешаванд ва ҳам блог менависанд ва ҳам забонҳои помириро пажуҳиш хоҳанд кард.
Имрӯз агар Улфатхонум Мамадшоева, ин рӯзноманигор ва бонуи сарбаландро бо иттиҳоми бепоя ва сохтакорӣ боздошт карданд ин охири хат нест. Ҳатман даҳҳову садҳо Улфатхонум дар дифоъ аз манфиати мардумаш мисли як модари ғамхору меҳрубон талош хоҳад кард.
Имрӯз агар бо туҳмат Холбаш Холбашевро боздошт карданд ин охирин фарзанди ватанхоҳ нест, балки даҳҳову садҳо Холбаши дигар ба майдон хоҳанд омад.
Агар имрӯз халифаи вораста ва мардумдор Музаффар Давлатмировро ба хотири фармонбардори мансабдорон ва кормандони мақомоти амниятӣ нашудан ва аз манфиати мардум ва арзишҳои диниву ахлоқӣ ҷавонмардона пуштибонӣ кардан бо туҳмат боздошт ва зиндонӣ карданд, ин ба он маъно нест, ки Бадахшон дигар халифаи вораста нахоҳад дошт ва ҳама руҳониёни помирӣ фармонбардору чоплус хоҳанд шуд.
Билахира бояд бипазиранд, ки помириро тарсондан имкон надорад. Аслан инсонҳои озодаро намешавад тарс дод ва бо тарсондан аз роҳи интихобкардаашон бозгардонд.
Агар чандин тан узви фаъол ва сарбаланди «Гурӯҳи 44»-ро боздошту шиканҷа ва зиндонӣ карданд, охири роҳ нест. Ҳатман боз ҷавонмардоне аз хонадони ҳар помирӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи ҳамтаборонашон ва расондани дархосту талаби мардумашон ба ҳукумат ин гуна гурӯҳҳо таъсис хоҳанд дод ва ба майдон хоҳанд омад.
Имрӯз агар Оразро боздошт мекунанд, ин ниҳояти кор нест. Шояд мисли Ораз натавонанд фаъолият дошта бошанд. Аммо мутмаинам даҳҳо Орази дигар ба майдон хоҳад омад ва ба қотилон “НЕ!” хоҳад гуфт. Ҳатман садҳову ҳазорҳо тан дар муқобили амали зиддимиллӣ ва ноодилонаи ҳукумати худкома садои эътироз баланд хоҳад кард.
Агар Рамзиро боздошт карданд, даҳҳо Рамзии дигар дар майдони озодагӣ ва муқобили зӯргӯии намояндаҳои як маҳал ва як хонавода, дар пӯшиши ҳукумат, ҳатман қад алам ва эътироз хоҳад кард.
Имрӯз агар ҳукумати худкома ва хидматгорони ноҷавонмардаш аз ҷасорат, садои расо ва ҷавонмардиву ватандӯстии паҳлавонон Чоршанбе Чоршанбеев, Амриддин Аловатшоев ва чандин тани дигар тарсидаву онҳоро аз кишварҳои дигар дуздида ба Тоҷикистон биоранду дар додгоҳи бехабар аз адолат маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон кунанд, ин поёни адолатхоҳӣ ва ҷавонмардӣ нест. Садҳову ҳазорҳо ҷавонмарди дигар ба майдон хоҳанд омад!
Имрӯз агар даҳҳову садҳо тан помириро фақат бо ҷурми помирӣ будан ва аз помирӣ дар баробари беадолатӣ пуштибонӣ карданашон ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд, ин поёни садоқату мардумдорӣ ва меҳру бародариву ҳамтаборӣ нест. Ҳазорон тани дигар ҳатман ба майдон меоянд. Зеро ҳамдилӣ, бародарӣ, садоқат, меҳр, самимият, ҳамёрӣ ва пуштибонӣ аз ҳамдигар ҳамешаи торих мояи бақои помириву ҳамаи тоҷикон будааст. Ин вижагиҳост, ки моро дар бадтарин ва фоҷеабортарин вазъият аз нобудӣ эмин доштааст.
Агар имрӯз хабарнигори ҷасур ва якрӯй, хоҳари арҷманди ман, Анора Саркороваро фақат ба хотири анҷоми вазифа ва рисолати рӯзноманигорӣ таҳти фишор қарор медиҳанд, пайвандону азизонашро дар Тоҷикистон ба идороти амниятиву интизомӣ мебаранду азият мекунанд, ин поёни кор нест. Мутмаинам ва бо камоли масъулият мегӯям, ки на фақат Анораи азиз аз роҳи худ нахоҳад баргашт ва аз гуфтани ҳарфи ҳақ даст намебардорад, балки даҳҳову садҳо Анорабону ба майдон хоҳанд омад, то садои мардуми мазлум ва зулму ҷиноятҳои ҳукумати худкомаро ба гӯши ҷаҳониён ва фардоиёни ин миллат расонанд. То собит кунанд, ки фишору тазйиқу шиканҷаву қатлу куштор роҳи наҷот нест, балки бунбаст аст, бунбасти низоми давлатдорӣ ва ба ҷуз фоҷеа чизе ба бор нахоҳад овард.
Бояд таъкид кард, ки талошу мубориза барои адолат дар ин марзу бум нав нест. Ҳамчунин ҳукумати худкома ва хонаводагии имрӯз давоми он ҳукуматҳои золими асрҳои пешин аст.
Падару падарбузургҳои биологиву идеологии онҳо Чингизу тумурҳо, ки дар сангиндилӣ, саркӯбгарӣ, қотилӣ, тоҷикбадбинӣ, золимӣ ва ҷоҳилӣ аз инҳо камтар набуданд, натавонистанд ин миллатро ба зону шинононанд, мутеъ созанд, нобуд кунанд. Инҳо ҳам, бояд мутмаин бошанд, ин корро наметавонанд, фарзанду набераҳояшон ҳам нахоҳанд тавонист!
Зеро имрӯз помирӣ будан ҳаммаънои тоҷики адолатхоҳ ва ҷавонмард будан аст.
Ҳар тоҷики озода имрӯз помирист!
Ҳар тоҷики ҳақталабу ватандӯсту адолатхоҳ имрӯз помирист!
Ман помириям!
Ту помириӣ, эй ҳамтабори ман, ки аз беадолатӣ ранҷ мебарӣ ва дар ниҳодат фарёди ҳақталабист. Мо миллионҳо тан помирием! Ҳамаро наметавонанд нобуд кард!
Агар сардамдорон мехоҳанд дар арикаи қудрат бақо дошта бошанд, фақат ва фақат як роҳ доранд; ислоҳ шудан, узр хостан, даст аз одамкушӣ бардоштан, адолатро риоя кардан!
Дигар ҳама роҳу усул ҳатман ба сӯи заволашон мебарад.
Зафари Сӯфӣ
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии муаллиф