Раисҷумҳури Қирғизистон субҳи имрӯз ҷаласаи оҷили корӣ оиди хушунат дар марз баргузор кард. Эмомалӣ Раҳмон бошад қайчӣ ба даст барои ифтитоҳи мактабу корхонаи сангбуррӣ рафтааст.
Дар ҷаласаи раисҷумҳури ҳамсоякишвар раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур Досали Эсеналиев, котиби Шӯрои амният Дамир Сагибоев, вазири умури хориҷа Чингиз Айдарбеков ва масъули шӯъбаи сиёсати хориҷии Дастгоҳи раисҷумҳур Дониёр Сидиқоваширкат карданд.
Жээнеков таъкид кард, ки аз замони шурӯъи муноқиша дар марзҳои вилояти Баткен, ҳамарӯза маълумоти муфассал аз он дарёфт мекунад.
Ширкаткунандагони ҷаласа дар бораи гуфтушуниде, ки бо мақомоти Тоҷикистон анҷом додаанд, гузориш доданд.
Онҳо бори дигар таъкид карданд, ки аввалин шуда низомиёни тоҷик оташ кушодаанд.
Сооронбей Жээнбеков таъкид кард, ки бояд аз муташанниҷтар шудани вазъ пешгирӣ гардад ва бо аҳолии маҳал корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин ӯ супориш дод дар суарти зарурат маҷрӯҳшудаон дар натиҷаи тирпарронии дирӯза ба беморхонаҳои Бишкек интиқол дода шаванд.
Раисҷумҳури Қирғизистон ба хонаводаи сарбози кушташудаи гурӯҳи вижаи “Беру”-и нерӯҳои сарҳадии ҶК Равшан Муминов изҳори ҳамдардӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳеҷ ҷаласае дар ин маврид баргузор накард ва аз субҳ бо қайчияш ба лентабурӣ машғул аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки се низомии Тоҷикистон кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ӯ субҳи имрӯз қайчияш дар даст барои буридани лентаи ифтитоҳи як мактаб ва се корхона рафтааст.
Ҳеҷ хабаре на танҳо аз изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои кушташудагон нест, балки мақомоти қудратии Тоҷикистон ва вазорати хориҷаи кишвар низ дар ин бора ҳеҷ изҳори назаре накардаанд.
Ҳамчунин расонаҳои Қирғизистон аз таҷаммӯъи гурӯҳе сокинони Бишкек дар тазоҳуроти эътирозӣ нисбат ба ҳаводиси марз хабар медиҳанд.