Рубрики Хабарҳо

Ҳишом ибн Аммор

Ҳофиз, аллома, ҳакими бузург, имом Абул Валид Ҳишом ибн Аммор ибн Нусайр яке аз олимони барҷастаи кишвари Шом ба шумор меравад. 

Номи пуррааш Абдуллоҳ ибн Омир ибн Язид ибн Тамим ибн Робиъа ибн Омир ибн Абдуллоҳ ибн Имрон ал­-Яҳсубӣ. Ибн Омир  араби тобеи қабилаи  Ҳимяр буд. Дар бораи  кунияи ӯ ду-се хел  ривоят вуҷуд дорад, ки дурусттараш  Абу Имрон аст.

Дар бораи тавлиду вафот:  Ибни Аммор дар ноҳияи Балқои тобеи Дамашқ тавлид шуд ва дар ин бора худи ӯ  чунин навиштааст, ки дар деҳае бо номи Риҳоб ва мавзее бо номи Балқо тавлид шудаам. Соли вафоти Расулаллоҳ ду сол доштам. (дуруди Худо нисорашон бошад) Баъди фатҳи Дамашқ, ки нӯҳсола будам, ба Дамашқ кӯч бастем. 

Ҳишом ибн Аммор ,  имом Молик, Муслим Занҷий, Яҳё ибни Ҳамза, Исмоил ибни Айёш, Валид ибни Муслим барин як қатор олимонро шогирд буд ва мушаррафи дидори доимии ин бузургон гардиду аз фазилати ҳукамо баҳра бардошт ва аз эшон аҳодис шунидаву ба минбаъдаҳо расонида ҳам буд.  Аз ӯ бошад,  Абу Убайд Қосим ибни Саллом, имом Бухорӣ  имом Абу Довуд, имом Насоӣ, имом Ибни Моҷа, Бақий ибни  Махлад ва Абу Зуръа Розий барин бузургон  ҳадис ривоят кардаанд. Ҳишом ибни Аммор дар шумори ҳафт қории мураттаби бузурги он даврон буд ва аз қатори тобеини машҳур. Ӯ дар илми қуръону ҳадис ва балоғату фасоҳати забони арабӣ хеле комилгашта, баъди вафоти муҳаддиси шаҳир Абӯдардо (Худо розӣ бошад) ба ҷояшон чун шогирди беҳтарину ҷойгузини устод яке аз арзандаҳои кишвари Шом  гардидааст. Дар даврони ҳукумати халифа  Валид ибни Абдулмалик ба вазифаи  қозӣ таъйин гардидааст. Дар масҷиди марказии Дамашқ дар Ҷомеъул­умавӣ солиёни дароз имом буд. Халифа Умар ибн Абдулазиз ҳам пушти ӯ  саф меистод ва намоз мегузошт.

Ҳишом ибн Аммор чунин  ҳикоя карда буд: «Падарам хонаашро ба 20 динор фурӯхта, маро ба сафари Макка, барои адои ҳаҷ омода мекард. Таъйинам намуд, ки ҳангоми ба Мадина расидан, албатта аз Имом Молик ҳадис омӯзам.” 

Дар он даврон одатан толибони илм барои омӯзиши дониши комилтар ба Мадина назди имом Молик меомаданд. Дар диёри Ҳиҷрат  имоми Молик ибни Анас Худованд розӣ бошад, нафаре буд, ки хеле нуфузи хоса пайдо карда буд. Бар бузургвор ҳокимони шаҳр ҳам эҳтирогузор буданд. Вақте Ҳишом ба дарси имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳи ) ҳозир шуд, он вақт 10-сол дошт. Ҳишом аз байни ҳама толибилмҳо гузашта рафту назди имом Молик қарор гирифт.

Имом Молик аз ин рафтори вай дар ҳайрат монда гуфт:

  • Ту ҳоло кӯдаки майда ҳастӣ ва ҳақи дар пеш шиштан надорӣ, рав ба қафо !

Нафароне, ки аз Молик ибни Анас дарс мегирифтанд, бо усуле бояд риоя мекарданд, ки аз китоби «Муватто» пеши устодашон қироат менамуданд ва муаллим бояд тарзи қироатро гӯш андохта, дарки хонандаро маълум мекард. Аммо худи устод ин китобро қироат карда намедоданд. Агар иштибоҳе дар қироату талаффуз рух медод, боз медоштанду мефаҳмониданд. Боре халифа  Ҳорун ар-Рашид фарзанди худро ба ҳузури  имом Молик овард. Халифа  аз имом Молик қироати китоби  «Муватто»-ро хоҳиш намуд, Молик ибни Анас гуфтанд: «Хеле фурсат аст,ки ба касе хонда надодаам, одатан ба ман хонда медиҳанд»  Халифа Ҳорун ар Рашид гуфт: «Ин тавр бошад, ҳама баромада истанд, ман танҳо худам хонда медиҳам». Имом Молик ба ин талаби халифа чунин посух доданд: «Агар омӯзиши  илм барои  баъзе  хосон аз омма фарқ карда истад, худи хосон ҳам баҳра намебардоранд” . Баъди ин ҳарф  халифа ба Маън ибни  Ийсо  қироатро фармуд.

Ҳишом ибн Аммор боз чунин ҳикоя мекунад: « Дар Мадина, ба ҳузури  имом Молик омадам. Он ҳазрат мисли подшоҳон бо салобат нишаста буданд. Дар атрофашон як қатор шогирдонашон ва як гурӯҳи дигар одамон рост истода буданд. Одамон масоили фиқҳиро суол мекарданд, он ҳазрат посух медоданд. Чун суолҳо ба анҷом расиданд, ба наздашон наздиктар рафтаму гуфтам, ки бароям ҳадис гуфта диҳанд. Он ҳазрат бошад гуфтанд, ки на, ту қироат кун, ман бошам гӯш меандозам. Ман боз исрор кардам, ки Шумо ҳадис гӯед, он кас боз ҳам “Ту бихон” гуфтанд. Чун пайи ҳам хоҳишамро такрор кардам, устод нафареро ба наздашон хонданд ва гуфтанд: “Ҳой фулонӣ, ана ин одамро 15 қамчин бикӯбед”. Маро қамчинкӯб намуданд, ман аз алам гириста фиристодам. Имом Молик ибни Анас ашки чашмамро дида пурсиданд,ки чаро толиби ҳадис мегиряд? Магар ҷонаш дард хӯрдааст? Ман гуфтам, ки не, барои дарди ҷонам намегирям. Падарам хонаашро ба даҳ динор фурӯхта пулашро ба ман вогузошт, то назди шумо омада ҳадис шунавам, аммо насибаам ҳамин понздаҳ қамчин будааст. акнун шуморо намебахшам. Он гоҳ қалби Имом Молик  нарм шуду парсид, ки кафорати ин гуноҳаш чист. Гуфтам, ки бар ивази ҳар қамчини хӯрдаам як ҳадис бояд ривоят кунанд. Он кас бароям 15 ҳадис ривоят карданд. Баъдан мамнун шудаму боз пурсидам, ки понздаҳ қамчини дигар зананду боз понздаҳ ҳадиси дигар бигӯянд. 

Ин ҳодиса аз китоби Имом Заҳабӣ «Сияру Аъламин-нубало» ва аз китоби  Ибни Асокир «Тариху Димашқ»  тарҷима карда шуд. Қаҳрамони имрӯзаи барномаи “Бузургон дар саҳфаи таърих” соли 118-и ҳиҷрӣ дар Дамашқ дар рӯзи ошӯро дар синни 92 — солагӣчашм аз олами ҳастӣ пӯшид.

Бузурге бо номи Ибн Манзур дар борааш навиштааст: «Ҳишом ибн Аммор сарашро доим хам карда, хоксорона роҳ мерафт ва ҳаё аз  Аллоҳ дошт, ки сар бар осмон намебардошт».

Асбаҳоний мегӯяд: «Ҳишом ҷавонбуду бузург, бо ақли солиму фикри бикру ризқи фузун. Одамон барои шунидани  қироати равону ҷонбахш ва ҳадис ба ҳузураш сарҷамъ меомаданд».

Ибн Ҷазарӣ дар китоби  «Ғояту ан­ниҳая» бобати  Ҳишом чунин гуфта: «Ӯ дар  нақл, фасоҳат, илм, ривоят ва дироят  машҳур буд».

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *