Нерӯҳои Русия дар ҳоле рӯзи гузашта тавонистанд шаҳри калидии Лисичанск дар устони Луганскро тасарруф кунанд, ки ҳамалоти худро дар шарқи Укроин афзоиш додаанд ва тибқи арзёбии вазорати дифоъи Бритониё бар тасарруфи комили устони Донетск мутамаркиз хоҳанд шуд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин бо ишора ба хурӯҷи нерӯҳои ин кишвар аз шаҳри Лисичанск дар устони Луганск гуфт, ки ин иқдом барои наҷоти ҷони сарбозон анҷом шудааст аммо артиши Укроин ба Лисичанск боз хоҳад гашт ва қатъан пирӯз мешавад.
Ситоди кулли артиши Укроин эълом кард, ки нерӯҳои Русия дар ҳоли ҳозир талоши худро барои пешравӣ ба самти Северск, Федерико ва Баҳмут дар минтақаи Донетск мутамаркиз кардаанд.
Аз сӯи дигар қарор аст як конфронси байналмилалӣ дар Суис баргузор шавад, ки ҳадафи он бозсозии Укроин пас аз ҷанг аст.
Охирин таҳаввулот, хабарҳо ва дидгоҳҳои муртабит бо таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар рӯзи душанбе чаҳоруми июли 2022-ро дар ин гузориш думбол кунед.
04.07.2022 23:35
Нахуствазири Бритониё: ҷомеаи байналмилалӣ “масирҳои ҷойгузин” барои интиқоли захоири ғаллаҳо ба хориҷ аз Укроин пайдо кунад
Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, рӯзи душанбе гуфт ҷомеаи байналмилалӣ бояд талош кунад “масирҳои ҷойгузин” барои интиқоли захоири ғаллаҳо ба хориҷ аз Укроин биёбад.
Ҷонсон гуфт:”мо дар ҳоли баррасии тамоми гузинаҳои мумкин аз ҷумлаи хутути роҳи оҳан ҳастем то битавонем ғаллаҳоро ҳатто дар миқдорҳои маҳдудтар аз Укроин хориҷ кунем.”
Вай ҳамчунин аз талошҳои Раҷаб Таййиб Урдуғон раисҷумҳури Туркия дар ҳали мушкилоти содироти ғаллаҳои Укроин ташаккур кард, бо ин ҳол гуфт ба самар расидани кӯшишҳо вобаста ба мувофиқати Русия бо хурӯҷи ғаллаҳо аст.
Нахуствазири Бритониё пештар дар ҷаласҳо бо раҳбарони ҳафт кишвари санъатӣ пешниҳод карда буд, ки агар наметавон ба масири хурӯҷи ғаллаҳо аз тариқи тангаи Босфор дар Туркия умед дошт, бояд хутути роҳи оҳан ё рӯдхонаи Дунайро дар назар гирифт ҳар чанд ин равишҳо ба лиҳози иҷрои будан душвортар бошанд.
Киев Русияро ба масдуд кардани бандари худ ва талош барои “дуздидан”-и ғаллаҳои Укроин муттаҳам мекунад. Созмони милали муттаҳид гуфтааст, ки муҳосираи бандари Укроин тавассути Русия қиматҳои ҷаҳонии ғизоро афзоиш дода ва таҳдиде барои камбуди ғизо дар бахшҳое аз ҷаҳон аст.
04.07.2022 22:30
Зеленский: бозсозии Укроин вазифаи муштараки кулли ҷаҳони демократик аст
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, рӯзи душанбе гуфт бозсозии ниҳоии ин кишвар пас аз таҳоҷуми Русия аз тариқи як тарҳи 750 миллиард долларӣ, “вазифаи муштараки кулли ҷаҳони демократик” аст.
Зеленский, ки аз тариқи видеоконфронс дар нахустин гирдиҳамоии байналмилалӣ барои эҳёи иқтисодии Укроин дар Луганои Суис ширкат карда буд, бо “бисёр бузург” хондани ин вазифа гуфт Русия бо ҳамлаи худ мусаммам ба “тахриби физикӣ ва равонӣ”-и кишвараш будааст.
Вай изофа кард раванд эҳёи Укроин, ки тавассути Шӯрои миллии бозсозии Укроин ҳидоят мешавад ба кишвараш иҷоза хоҳад дод пайвандҳои худро бо Аврупо амиқтар кунад.
04.07.2022 17:10
Фон дер Ляйен: иҷоза намедиҳем Русия мавҷудияти Укроинро тазъиф кунад
Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссиюни Аврупо гуфт, ки ҳадафи Кремл нобудии низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Украина аст.
Ӯ изофа кард, ки Русия мехоҳад мавҷудияти Укроинро тазъиф кунад аммо наметавон иҷоза дод, ки ин иттифоқи биафтад.
Ӯ таъкид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо як барномаи кор барои тарҳҳои бозсозии Укроин пас аз поёни ҷанг эҷод хоҳад кард.
Вай дар конфронси бозсозии Укроин дар Суис гуфт Иттиҳодияи Аврупо ҳудуди 6.2 миллиард евро аз оғози таҳоҷуми Русия дар ҳимояти молӣ аз Укроин ихтисос додааст.
04.07.2022 16:39
Киев: 750 миллиард доллар барои бозсозии Укроини ҷангзада ниёз аст
Денис Шмигал, нахуствазири Укроин дар конфронсе, ки ба мизбонии Суис баргузор шуд гуфт барои бозсозии кишвараш ниёзманди маблағи муодили 750 миллиард доллар ҳастанд.
Вай тасреҳ кард, ки то кунун беш аз 100 миллиард доллар хисорати мустақим ба зерсохтҳои Укроин пас аз таҳоҷуми Русия ворид шудааст.
04.07.2022 16:14
Поп барои сафар ба Маскав ва Киев ибрози тамоюл кард
Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон иброз умедворӣ кард пас аз сафар ба Канада битавонад ба Маскав ва Киев низ биравад.
Пас аз ибрози тамоюли Поп барои сафар ба Киев, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Укроин гуфт, ки ин кишвар бори дигар аз Поп барои сафар ба Укроин даъват мекунад ва аз ин раҳбари мазҳабӣ мехоҳад то барои мардуми кишвараш дуо кунад.
04.07.2022 15:37
Зеленский: дар ҳамла ба Одесса 19 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин гуфт, ки “дар ҳамалоти мушакии Русия ба манотиқи маскунӣ дар наздикии бандари Одесса, 19 нафар кушта ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд.
Вай гуфт дар ҳамла ба як сохтмони маскунӣ ва як урдугоҳ аз мушакҳое истифода шудааст, ки маъмулан барои таркондани навҳои ҳавопаймобар ва киштиҳои бузурги ҷангӣ истифода мешавад.
Видеоҳои ҳовии саҳнаҳои марбут ба ин ҳамла, ки қабл аз тулӯъи субҳ рух дод вайронаҳои сӯхтаи сохтмонҳоро дар шаҳри кӯчаки Сергейка дар ҳудуди 50 километрии Одессаро нишон медиҳад.
04.07.2022 14:47
Маскав Укроинро ба ҳамлаи мушакӣ ба яке аз шаҳрҳои марзии Русия муттаҳам кард
Русия Киевро ба шиллики се мушаки хӯшаӣ ба шаҳри Белгород дар наздикии марз бо Укроин муттаҳам кард.
Маскав эълом кард, ки падофанди зиддиҳавоии ин кишвар се мушаки хӯшаиро, ки аз сӯи “насионалистҳои укроинӣ” ба самти Белгород шиллик шуда буд сарнагун кард.
Вячеслав Голдков, фармондори Белгород гуфт, ки 11 сохтмони маскунӣ ва 39 хона осеб дидаанд.
04.07.2022 14:25
Путин тасарруфи Луганскро табрик гуфт
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба нерӯҳои рус тасарруфи устони Луганск дар шарқи Укроинро табрик гуфт. Вай аз вожаи “озодсозӣ” барои тасарруфи ин минтақа ном бурд.
Вай дар як дидори телевизионӣ бо Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия гуфт, ки нерӯҳои даргир дар амалиёт бояд истироҳат кунанд аммо соири воҳидҳои низомӣ бояд ба ҷанг идома диҳанд.
Путин ҳамчунин дар пайи тасарруфи ин минтақа ба ду генерал лақаби “қаҳрамони Русия”-ро эъто кард.
04.07.2022 14:16
Парчами Укроин бар фарози ҷазираи Мор барафрошта шуд
Сухангӯи артиши Укроин рӯзи душанбе гуфт, ки парчами ин кишвар бори дигар дар ҷазираи Мор дар баҳри Сиёҳ барафрошта шудааст.
Нерӯҳои Русия ҳафтаи гузашта аз ин ҷазира ақибнишинӣ карданд.
Ин ҷазира дар рӯзҳои нахусти ҳамлаи Русия тасарруф шуда буд ва аз он замон борҳо аз сӯи укроиниҳо бомбаборон шуд.
04.07.2022 13:59
Ситораи тими миллии хоккейи Русия боздошт ва барои сарбозӣ эъзом шуд
Иван Федотов, дарвозабони тими миллии хоккейи рӯйи яхи Русия боздошт ва барои анҷоми хидмати сарбозӣ ба шимоли Русия мунтақил шуд.
Федотови 25 сола, ки бо тими миллии Русия ноиби қаҳрамони олимпии замистонӣ шуда, ахиран бо як тим дар Иёлоти муттаҳида қарордод бастааст ва қарор буд ба он ҷо биравад.
Бо ин ҳол вакили ин варзишкор ва ҳамчунин хабаргузории русии ТАСС гузориш доданд, ки Федотов ба Североморск ҷое, ки як пойгоҳи баҳрии муҳим вуҷуд дорад эъзом шудааст.
Тибқи гузориши расонаҳои Русия ин бозикун асри ҷумъа дар Санкт-Петербург боздошт шуд зеро ки гумонбар ба фирор аз хидмати сарбозӣ дар паи даргирӣ дар Укроин буд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар вокуниш ба ин мавзӯъ гуфт, ки баҳсҳои эҳсосотӣ перомуни ин мавзӯъ муносиб нест ва зарурати анҷоми хидмати сарбозӣ дар қавонини Русия вуҷуд дорад.