Қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон теъдод куштаҳои ҳамла бо худрави бомбгузоришуда дар ҷанубу шарқи ин кишварро 27 нафар эълом кард.
Равобити умумии қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳи посдорон дар як иттилоияи такмилӣ теъдоди кушташудагон дар ҳамла интиҳорӣ дар устони Сиистон ва Балучистонро 27 нафар эълом кард. Ин ниҳод ҳамчунин аз захмӣ шудани 13 сарбози дигари сипоҳ дар ин ҳамла хабар дод.
Пештар Рамазон Шариф, сухангӯи Сипоҳи посдорон гуфта буд, ки наметавонад бо итминон шумори куштаҳои ин ҳамларо эълом кунад.
Гуфтанист, соате пеш хабаргузориҳо дар Эрон аз кушта шудани дастикам 20 посдор ва захмӣ шудани 20 нафари дигар дар ҷараёни ҳамла бо худрави бомбгузоришуда ба мусофирбари ҳомили низомиёни Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар устони Сиистон ва Балучистон хабар дода буданд.
Аз сӯи дигар гурӯҳи “Ҷайш-ул-ъадл” низ бо интишори баёнияе дар веб-сайт худ, масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифта, эълом кардааст, ки тамоми сарнишинони ин мусофирбар кушта шудаанд.