Соате пас аз нашри КДАМ Қирғизистон дар бораи низоъи нави марзӣ, мақомоти Тоҷикистон низ аз хоб бедор шуданд ва байния нашр карданд. Макази матуботии Нерӯҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар тирпарроние, ки субҳи имрӯз сурат гирифт, ҷониби Қирӯизистонро гунаҳкор медонад.
«14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд», омадааст дар иттилоъияи Маркази матбуоти Неруҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилоъи манбаъ «аз тарафи сарҳадбонони Неруҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст».