Categories Хабарҳо

Додгоҳи олии Русия ҲНИТ-ро террористӣ эълон кард

Додгоҳи олии Русия дархости Додситонии кулли ин кишварро мабнӣ бар террористӣ шинохтани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қабул кард. Минбаъд ҲНИТ дар рӯйхати ҳизбу гурӯҳҳоест, ки фаъолияташон дар Русия манъ шудааст.

Мурофиъаи додгоҳи имрӯз, 14 скнтябр паси дарҳои баста баргузор шуд ва хабарнигорон дар он ҳузур надоштанд.

Қаблан мақомоти ҲНИТ гуфта буданд манъи фаъолияти он дар Русия чизеро барои ин ҳизб тағйир намедиҳад, чун дар ин кишвар фаъолият надорад, аммо имкон дорад ҳазорҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар ҳизби фаъолияташ дар Русия мамнӯъ зери таъқиб қарор гиранд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *