Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мехоҳад аз соҳибкорон имтиҳони забондонӣ бигирад. Ва пешниҳод дорад ин кор қонунӣ ва иҷборӣ гардад.
Масъулини кумита ба ин назаранд, ки соҳибкорон пеш аз сабти номи ширкату корхонаҳои худ бояд аз санҷиши забон гузаранд то ба хатоҳои имлоӣ дар номгузории ниҳодҳои худ роҳ надиҳанд. Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, Кумитаи андоз ин пешниҳоди онҳоро пазируфтааст.
Ӯ дар нишасти хабариаш, ки имрӯз 9 феврал баргузор шуд, гуфт дар эълону навиштаҳои ширкатҳову мағозаҳо риоя нагардидани меъёри забони давлатӣ зиёд ошкор ва аз тарафи кумита ислоҳ мешаванд, “вале бо дигар шудани соҳибкор боз иштибоҳҳо такрор мешаванд».
Ба гуфтаи Муҳаммадҷонзода, минбаъд асноди соҳибкорон, ки ба равзанаи ягонаи Кумитаи андоз пешниҳод мегердад, ба Кумитаи забон ва истилоҳот фиристода мешавда, то мутобиқаташон бо меъёрҳои забони давлатӣ онҷо санҷида шавад.
Дар ҳамин ҳол коршиносон ба ин назаранд, ки паси ин пешниҳоди Кумитаи забон ғарази рӯёнидани пул аз соҳибкорон истодааст. Абдуманон Шералиев, коршиноси масоили иҷтисодӣ ба Паём гуфт, ки ҳар “санҷишу имтиҳону тафтиш нерӯи корӣ ва сарфи маблағи иловагӣ талаб мекунад. Дар гумон аст, ки барои санҷиши сатҳи забони соҳибкор аз буҷа маблағ ҷудо гардад ва ин масраф ба дӯши худи соҳибкор меафтад”.
Ӯ ба ин назар аст, ки “ин тасмим сӯзондани пӯстин барои як кайк ё аниқтараш ғасби чанд пӯстин барои як кайк аст. Чун ҳаҷми хатоҳо дар навиштаҳо аз 5-10 дарсад зиёд нест ва барои ин ба санҷиш ҷалб кардани ҳама соҳибкорон барои хатои чанд нафар, ҳам таҳқир аст ҳам сарфи беҳудаи вақту пули онҳо”.
Шералиев ҳамчунин мегӯяд соҳибкор вазифадор нест сарфу наҳви забонро донад ва имтиҳоне, ки дар мактаб супоридааст кофист. “Ҳамин ки номи интихобкардаи соҳибкор, ки ба Кумитаи андоз пешниҳод мешавад аз тарафи Кумитаи забон санҷида шавад кофист”.
Гуфтанист, соҳибкорон аз тарафи бештари ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳамеша ғорат мешаванд. Сар аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки бештари масорифи давлат, аз сохтани мактабу беморхонаҳо то таъмири сохтани роҳҳоро ба дӯши соҳибкорон мегузорад.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи забон, соли гузашта даҳҳо соҳибкори тоҷик барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон ҷарима шудаанд. Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳади аксари ин ҷаримаҳо 1360 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон хабар дод.
Раиси Кумитаи забон аз 78 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ дар ин робита хабар дод, ки алайҳи соҳибкорон ва моликони мағозаву фурӯшгоҳҳо ва марказҳои хидматрасонӣ боз шуда ва дар умум 62 ҳазору 254 сомонӣ ба нафъи буҷаи давлат рӯёнида шудааст.
Тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон») барои риоя накардани қонун дар бораи забони давлатӣ ҷарима таъин шудааст, ки барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда мебошад.
Масъулини Кумитаи забон гуфтанд дар вазорату идораҳои давлатӣ низ санҷиши вазъи рияои забони давлатиро гузаронида ва камбудиҳо ошкор кардаанд, аммо пешниҳод накарданд, ки кормандони вазорату идораҳо низ аз санҷиши забон гузаронида шаванд.