Рубрики Хабарҳо

Чиро мо ба ҷопониҳо бохтем?

Дар зиндагӣ, албатта ҳар иттифоқе ногаҳонию воқеъӣ метавонад рух диҳад. Аммо аз диди ақлу баррасии мантиқӣ, дар ин дидор Тоҷикистон тақрибан шонси комёбӣ надошт ва ин бохти талху ноҳинҷораш миёни 20 ҳазор бинандаи майдону милёнҳо тамошобини телвизион то ҷое қобили пешбинӣ буд. Зеро:

1. Рақиби мо аз ҳар ҷиҳат аз ғулҳо (гигант)-и футболи имрӯзаи дунёст; ин бозӣ дар Ҷопон ба ҳадде рушд карда, ки шуъояш то фарози Аврупо доман кашида ва акнун даҳҳо футболисти ҷопонӣ дар бузургтарин майдонҳои футболи ин қора ҳунар менамоёнанд. Аммо дар Тоҷикистон умед аслан як тим аст – «Истиқлол»-и Душанбе, ки он ҳам на дар сатҳи баланди як дастаи матраҳ;

2. Футболи Ҷопон ба он хотир пешрафтааст, ки расману амалан дар сатҳи ҳукумати ин кишвар бозбинӣ, барномарезӣ ва дастгирию ташвиқ мешавад. Дар сафар ба пойтахти мо 60 нафар(!) аз бунггоҳҳои хабарии расмию хусусии Ҷопон дастаро бадрақа мекарданд ва то чаҳор рӯзи оғози дидор, по ба по бо даста аз ҷузъитарин таҳаввулоти он, аз ҳолу руҳияи бозикунон дар расонаҳои кишваршон гузоришот медоданд. Яъне, новобаста ба ҳишмату қудрати ошокорояшон, ҳарифи мо – Ҷопон ба ин дидор бо ҷиддияти тамом омодагӣ гирифта буд ва мураббияш ҳам дар нишасти матбуотӣ возеҳан иброз дошт, ки мо баҳри пирӯзӣ ба майдон меоем.

Аммо дар Тоҷикистон – дар расонаҳо, дар шабкаҳои телвизионӣ тақрибан баррасию таҳлиле набуд, футболистҳоро намедидему намешунидем, ки чӣ руҳия доранд, чӣ пешниҳод мекунанд?? Дар ҳоле ки мебояд барои пешрафти футболамон расонаҳои марказӣ, аз ҷумла Телевизиони кишвар ба по хезанд; дар чунин маворид шабакаи аввал, шабакаи хабарии Ҷаҳоннамо набояд сукут кунанд, ки, охир на ҳама ТВ Варзишу Футбол мебинанд; ва шабакаи аввали ТВ Тоҷикистон бояд дидорҳои сатҳи баланди дастаи кишварро мустақиман пахш кунад, то дастбакорону мақомдорон ранг бинанду ҳол пурсанд. Ва агар хоҳем пеш биравем, на бо шиору ҳамҳама, балки бо як барномаи ҷиддию томм дар сатҳи ҳукумат, вориди амал шавем. Бо ин наҳв «ПОМИР» дар Шуравӣ номвар шуда буд – ба тадорукоти «ПОМИР» Девони вазирони кишвар, шаҳрдории пойтахт, вазорати обу Кумитаи физкултураву ҷамъияти «Ҳосилоту»-у Иттифоқҳои Касабаи ҷумҳурӣ… саҳм мегузоштанд, беҳтарин мураббиёни рӯз – Алиаскаруф, Секеч, Тунис, Семин – ба дастаи мо устодӣ мекарданд, мо худ мураббиёни шойиста низ доштем…

Аммо ҳоло, қиёс кунем – даромади солонаи як футболист дар Ҷопон – 212 ҳазор евро (муттавасситан); даромади солонаи як футболист дар Тоҷикистон – ??? – намешавад дақиқ гуфт, панҷ ё шаш ҳазор дуллор бошад; баъзе аз дастаҳо ҳатто ба бозикунҳошон моҳона намедиҳанд… Ин ҷо мураббиён ё бозикунон ҷурме надоранд, нақс аз дастандаркорон аст, ки ҳанӯз ба дарки рушди футболи муосир нарафтаанд, намешавад харсавор аз ТОЙОТА пеш гузашт…

3. Сад бор агар гӯем ки шербачча ҳастему мо метавонем, аммо дидор бо Ҷопон нишон дод, ки дар рақобат бо дастаҳои пешрафта нотавонем. Саффи мо аз бозикунҳои обдидаву воқеъан майдондор тақрибан тиҳист, шояд дарвозабонамон – Рустам Ятимуфро тавон ном бурд, ки тамкину тавону маҳорати ҳирфаӣ нишон медод, чанд бор зарбаҳои хатарноки рақибонро устодона маҳор кард. Ва низ Парвизҷон Умарбоюфи легионер…

Мо то он дам ки медавидем, аз ҳариф кам набудем, аммо дар нимаи дуюм, хастагиямон бармало шуд, омодагии бадании кофӣ надоштем, ки зоҳиран рақибамон инро пай мебурд ва то бозӣ поён меёфт, ҷопониҳо давандатару чолоктару хашантар мешуданд. Маҳорати фаннии ҳариф бо мо қобили қиёс набуд – тӯп, мисли мурғи дастомӯз, аз давру бари онҳо (албатта бештар дар нимаи дуюм) канда намешуд; мо, аз камтаҷрибагӣ, аз заъфи ҷисмонӣ ва аз каммаҳоратӣ, дигар дар баробари тавоноии ҳариф дастпочаву музтару бозанда шудем..

4 Афсус…

Обид Шакурзода

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *