Categories Хабарҳо

Баъди 11 сол. Тирезаи ягонаи ҳуҷҷатгузории воридоту содирот муваққатан боз шуд

Маросими ифтитоҳи муваққатии тирезаи ягона барои ҳуҷҷатгузории содирот, воридот ва транзит дар Душанбе баргузор гардид. 

Қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи бакорандозии Тирезаи ягонаи ҳуҷҷатгузории воридот, содирот ва тарнзит дар ҷумҳурии Тоҷикстон 11 сол қабл, 31 декабри соли 2008 имзо шуда буд. 

9 сол қабл, 3 майи соли 2010 қарори ҳукумат “Дар бораи Барномаи ҷорикунии системаи Тирезаи ягонаи ҳуҷҷатгузории содирот, воридот ва транзит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд.

Ҳамчунин бо ҳадафи фароҳамсозии “шароит барои фаъолияти пурсамари Тирезаи ягона” бо қарори ҳукумати кишвар 3 декабри соли 2010дар назди Хадамоти гумрук Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази Тирезаи ягона” таъсис дода шуд, ки аз буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешавад.

Инак пас аз 9 соли қабулшавии ин се қарор, ин тиреза муваққатан ба кор шурӯъ кард. Тибқи иттилоъи маркази матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар оғози маъракаи ифтитоҳ сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода гуфтааст, ки мақомоти давлатӣ бояд барои суръатбахшии раванди эҳёи фаъолияти касбиашон иқдомоти заруриро пеш гиранд. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *