Рубрики Хабарҳо

Раҳимзода аз ҳамтои русаш хост парвандаи Сайёра Дӯсаева воқеъбинона таҳқиқ шавад

Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ирсоли барқия ба ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев аз ӯ хостааст парвандаи Сайёра Дусаеваро таҳти назорат гирад, то воқеъбинона баррасӣ шавад. Ирсоли чунин барқияву дархостҳо ба Русия, ки онҷо шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои камтаре бархӯрдоранд, кам иттифоқ меафтад.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шарҳи ин барқия гуфтааст “ошпази тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона лату кӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад”.

Гуфтанист, фоҷиа рӯзи 4 январ, соати 16, вақте рух дод. Ошпази  50-солаи гурҷӣ Нугзар Сайёраро, ки ҳамроҳаш дар тарабхона кор мекардааст, таҳқир мекунад, ки дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар мезанад. 

Дар сабти дурбини назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи “Хинкалная Тбилиси” насбшуда, ки порае аз ин сабт нашр шудааст, дида мешавад, ки як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан бо дифоъ аз худ бо корд мард ҳамла мекунад ва чанд зарба мезанад. Коргарони дигари қаҳвахона талош мекунанд, то ин ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд, вале баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш меафтад ва аз ҳуш меравад.

Мошини “Ёрии таъҷилӣ” замоне ба ҷои ҳодиса мерасад, ки Нугзар беҳуш дар рӯи фарш хобида буд. Талоши наҷоти ӯ натиҷа надод: ошпаз ба ҳуш наомада, ҷон бохт. Табибон дар бадани ӯ чанд захми кордро мушоҳида кардаанд. Бинобар ҳузури шоҳидони зиёд буданд ва сабти дурбин, кормандони пулис  шахсияти қотилро зуд муайян карда ва баъди соате Сайёра Дӯсаеваро дар ҳамон Митиши, дар назди даромадгоҳи хонае, ки иҷора менишаст, дастгир карданд.

Ёвари раҳбари раёсати тафтишоти вилояти Маскав Анна Тертичная хабар дод, ки дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин назаранд, ки ҳамла бо корд ба хотири дифоъ аз таҷовузи мард сурат гирифта ва мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла аз сафорати ин кишвар дар Маскав хостаанд, ки Сайёра Дӯсаеваро дар ин қазия беҳимоят нагузоранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *