Дар ҳамлаи гурӯҳи Доъиш ба донишгоҳи Маршал Фаҳим бомдоди имрӯз, ҳади ақал панҷ сарбоз ҷон бохтанд ва беш аз даҳ тани дигар захмӣ шудаанд.
Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифоъи миллӣ мегӯяд, бомдоди имрӯз панҷ нафар ба донишгоҳи Маршал Фаҳим ҳамла карданд ва бо як пости сарбозони фирқаи 111 дар дохили донишгоҳ, даргир шуданд.
Ӯ уфтааст, аввал ду нафар аз ҳамлагарон худро тарконданд сипас ду нафари дигарашон ҳангоми даргирӣ бо сарбозон кушта шуданд ва як нафари дигарашон низ дастгир шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла ҳудуди соати 5 саҳар сурат гирифтааст
Ба гузориши “Тулӯънюз”, Басир Муҷоҳид, сухангӯй пулиси Кобул, ҷон бохтани панҷ сарбоз ва захмӣ шудани даҳ сарбози дигари артиши Афғонистонро дар ин ҳамла таъйид кардааст.
Гурӯҳи Доъиш масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.
Дар моҳи октябри соли 2017 низ дар як ҳамлаи дигар 15 донишҷӯи донишгоҳи Маршал Фаҳим ҷони хуро аз даст дода буданд.
Се ҳамла дар камтар аз 10 рӯз
Рӯзи шанбеи гузашта дар як ҳамлаи интиҳории дигар дар яке аз нуқоти пурҷамъияти Кобул беш аз 100 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳамла бо истифода аз 2 мошини ёрии таъҷилӣ сурат гирифт, ки теъдоди зиёде захмӣ ҳам бар ҷой гузошт. Ба ҳамин хотир дирӯз дар Кобул азои умумӣ эълон шуда буд. Ҳамлаи рӯҳи шанберо гурӯҳи Толибон ба ӯҳда гирифт.
Як ҳафта пештар ҳам дар як ҳамлаи дигар ба Ҳутели Интерконтинентал дар Кобул 22 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки аксаран шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Ин ҳамларо ҳам гурӯҳи Толибон ба ӯҳда гирифта буд.
Ба назар мерасад гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар ҳоли рақобати хатарноке байни ҳам ҳастанд. Рақобати ки натиҷааш гирифтани ҷони одамҳост.
Моҳияти ҷанг дар Афғонистон тағйир кардааст?
Пас аз ҳамлаи Толибон ба шаҳри Қундуз мақомоти Афғонистон аз тағйири моҳияти ҷанд дар ин кишвар сухан гуфта буданд. Он замон мегуфтанд Толибон бо ташкили ҷабҳа вориди марҳалаи нави ҷанг шудаанд.
Аммо пас аз ҳамлаҳои охир, мақомоти амниятӣ боз ҳам аз тағйири моҳияти ҷанг дар Афғонистон сухан мегуянд. Аммо ин бор сухан аз тағйири моҳияти ҷанг ба шакли дигаре матраҳ шудааст. Онҳо мегӯянд, гурӯҳҳои террористӣ ҷангро ба дохили шаҳр кашондаанд ва ин раванд корро печидатар мекунад. Онҳо бар ин бовар ҳастанд, ки гурӯҳҳои террористӣ бештар шеваҳои печидаи ворид шудан ба шаҳрҳоро истифода мекунанд ва дар ин амр пешрафт ҳам доштаанд. Ба хусус роҳёбии муҳоҷимон ба ҳотели “Интерконтинентал” ва расидан ба пушти дарҳои донишгоҳи Маршал Фаҳим далели пешрафти онҳо дар ин замина аст.
Дар моҳҳои охир ва пас аз шикасти Доъиш дар Ироқу Сурия шумори ҳамлаҳои маргталабонаву терористӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.