Дар арафаи зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои русаш Владимир Путин ба ӯ ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 тӯҳфа кард. Фармони эҳдои ин орден, тибқи иттилоъи ТАСС, дирӯз 4 октябр содир шудааст. Имрӯз 5 октябр зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон аст ва ӯ 70 сола шуд.
Дар матни фармони эҳдои ин орден омадааст “барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонида шавад”.
Дар ҳамин ҳол дар фармони раисҷумҳури Русия аз 07.09.2010 таҳти (бо ислоҳ дар 29.08.2022) “Дар бораи беҳбудбахшии ситемаи мукофотдиҳии давлатии Федератсияи Русия” гуфта мешавад ин орден “барои мукофотонидани шаҳрвандон барои хидматҳои барҷаста дар таҳкими давлатдории Русия, рушди иҷтимоиву иқтисодии он, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди фарҳангу ҳунар, дастовардҳои барҷастаи варзишӣ, таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, саҳми муҳим дар таҳкими тавони дифоъии кишвар пешбинӣ шудааст”.
Дар як банди ин фармон омада, ки раисҷумҳури Русия метавонад бо ин орден шаҳрвандони хориҷиро низ “сарфароз” созад.
Аммо ба ҳеҷ аз шароитҳое, ки дар матни фармон дар бораи ба киҳо дода шудани он омадааст, Эмомалӣ Раҳмон намеғунҷад. Ба ҷуз ин банд, ки хидмат дар “таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо”-ро пешбинӣ мекунад. Вале дар садри ин фармон гуфта мешавад орден барои мукофотонидани шаҳрвнадони Русия пешбинӣ шудааст ва истилоҳи “халқҳо” дар матни фармон маълум нест, ки халқҳои худи Русияро дар назар дорад, ё ҷаҳонро.
Чун орден барои шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудаву шаҳрвандони хориҷӣ танҳо дар ҳоли истисно метавонанд онро дарёфт кунанд, ин истисноро дар матни ҳамин фармон бояд ҷустуҷӯ кард. Дар матн чанд бор таъкид шуда, ки орден барои хидмат ба Русия дода мешавад (ба фармони рақами 1099 дубора таваҷҷӯҳ кунед). Яъне шаҳрвандони хориҷӣ ҳам, ки орденро дарёфт мекунанд, маҳз ба ҳамин хотир, яъне хидмат барои Русия ба он “мушарраф” мешаванд.
Барои як хориҷие, ки ғайрату номус дорад, худи номи ин орден бояд нигаронкунанда бошад: “Барои хизмат дар назди Ватан” (яъне Русия).
Шубҳае нест, ки Эмомалӣ Раҳмон бароварандаи манофеъи Русия аст, бо дасти ин кишвар ба қудрат оварда шудааст ва бидуни иҷозаи Путин ҳатто дар дохили кишвараш наметавонад кори ҷиддие анҷом диҳад. Барои мисол ӯ даҳ сол натавонист иҷозаи ҳамла ба Бадахшонро ба даст орад ва танҳо баъди пазируфтани шартҳои Путин дар мавриди ҳимоят аз ӯ дар ҷанги Укроин тавонист розигии хоҷаашро дарёфт кунад. Яъне ҳамеша чашм ба даҳони хоҷаи хориҷиаш (истилоҳи дӯстдоштаи худи Раҳмон) аст. Аммо масъалаи бузургтар аз он ин аст, ки Русия ин амрро борҳо таъкид мекунад ва бо эътои ин гуна ордену мукофотҳо ӯро дар назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ таҳқир менамояд. Ва Раҳмон онро бо ифтихор мепазираду расонаҳои давлатӣ чанд рӯз хушҳолӣ мекунанд.
Гуфтанист соли 2017 низ раисҷумҳури Тоҷикистон “барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон” аз ҷониби Владимир Путин бо ордени “Александр Невский” низ мукофотонида шуда буд. Ордени “Александр Невский” ҳамон дараҷаи чаҳоруми ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” аст.
Бо вуҷуди таҳқир дар сатҳи байналмиллалӣ ва эълони дубораи расмии хоҷаи Эмомалӣ Раҳмон буданаш, Путин сатҳи воқеъии ӯро низ ба намоиш гузоштааст. Ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 чандон боарзиш ҳам нест ва онро то ҳол 670 нафар шаҳрвандони рус дарёфт кардаанд. Бо фарқ аз дараҷаҳои ду ва яки ҳамин орден, ки мутаносибан ба 280 ва 115 нафар эҳдо шудааст.
Ин таҳқир дар сатҳи байналмиллалӣ дар ҳолест, ки баъди инзивои байналмиллалии Путин, Эмомалӣ Раҳмон яке аз ду нафарест, ки дар канори ӯ истодааст. Ҳамроҳ бо Раҳмон танҳо Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус аз сиёсатҳои ҳамтои русаш дастгирӣ мекунад.