Ҷанги Табук, бино ба нақли Ибни Саъд ва ғайра, аз он сабаб сар зада буд, ки мусулмонон тавассути Набатиён, ки байни Шом ва Мадинаи Мунаввара бо тиҷорат равуо доштанд, хабар меёбанд, ки Румиён ба мақсади ҷанг бо мусулмонон сипоҳ ҷамъ кардаанд ва қабилаҳои Лахм, Ҷузом ва дигар арабҳои насронӣ, ки зери тасаллути Румиён буданд, ба худ ҳамроҳ намудаанд. Дастаҳои аввалияи он аллакай ба минтақаи Балқо расидаанд. Бо шунидани ин Паёмбар (с) мардумро барои ба ҷанг бо онҳо баромадан даъват менамоянд. Имом Табаронӣ аз ҳадиси Ҳусайн нақл мекунанд, ки шумораи сипоҳиёни лашкари Румиён чил ҳазор нафар буд.
Ин ҳодиса моҳи Раҷаби соли нӯҳуми ҳиҷрӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Он замон фасли тобистон мавсими гармои сахт буда, илова бар ин, мардум рӯзгори сахтеро аз сар мегузарониданд. Меваҳои Мадинаи Мунаввара, он замон, акнун пухта расида буданд. Бинобар ин, Паёмбар (с) бархилофи одати хеш дар ҷангҳои собиқа ҳадафи хешро пинҳон намекунанд ва эълон медоранд, ки лашкар куҷо рафтанӣ аст. Каъб ибни Молик (раз.) чунин нақл мекунанд: Паёмбар (с) ҳар ҷанге, ки баромадан мехостанд, онро бо дигар (ҷанг) рӯйпӯш мекарданд ва ниҳоят вақте ин ҷанг фаро расид, азбакси мавсими гармо буду лашкар сершумор ва сафар дур, хабари онро аз дигарон пинҳон накарданд, то мусулмонон ба ҳадди лозима ба он омодагӣ бинанд.
Ҳамин тавр, сафари ин ҷанг машаққатбор ва кулфатовар буд. Мусулмонон дар он бо сахттарин намодҳои санҷишу имтиҳон дучор мешаванд. Нифоқи мунофиқон дигар пинҳон намемонад ва ҳама аз чор тараф рӯй мезанад. Дар баробари ин ҳама имони содиқ ва ростин аз будани худ дар ниҳоди бархе дарак медиҳад.
Миёни мунофиқон чунин сарусадоҳо баланд мешавад: “Дар ин гармӣ куҷо меравед?! Наравед!”. Нафаре аз онҳо назди Расули Худо омада чунин баҳона пеш меорад: “Ба ман иҷозат диҳем, наравам. Маро ба фитна дучор накунед. Ба Худо, ҳамқавмонам медонанд, ки касе мисли ман шефтаи занҳо нест. Ман метарсам, ки агар занҳои румиёнро бинам, худамро дошта натавонам”. Паёмбар (с) ба ӯ чизе намегӯянд ва иҷозат медиҳанд, ки ба ҷанг набарояд.
Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул дар канораи Мадинаи Мунаввара бо дастаҳое аз ёрону ҳамфикрони худ ҷамъ мешаванд ва вақте Паёмбар (с) ба роҳ мебароянд, онҳо ҳамагонӣ пас мегарданд.
Дар ин бора, аз ҷумла, ояти 81 ва 49 аз сураи Тавба нозил шудааст:
“فَرِحَ الْمُخَلَّفُونَ بِمَقْعَدِهِمْ خِلافَ رَسُولِ اللَّهِ وَكَرِهُوا أَنْ يُجاهِدُوا بِأَمْوالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقالُوا لا تَنْفِرُوا فِي الْحَرِّ قُلْ نارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا لَوْ كانُوا يَفْقَهُونَ ”
(Мунофиқони ақибнишинӣ карда, ба сабаби аз ҷиҳод нишастанашон, хушҳол шуданд дар роҳи Аллоҳ (ҷ) бо ҷон ва молҳояшон ҷиҳод карданро написандиданд ва гуфтанд: “Дар ин ҳавои гарм ҳаракат накунед.” Бигӯй: “гармии оташи дӯзах сахттар аст.”)
“وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ ائْذَنْ لِي وَلا تَفْتِنِّي، أَلا فِي الْفِتْنَةِ سَقَطُوا وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكافِرِينَ”
(Ва баъзеи мунофиқон мегӯянд: “ ба ман рухсат бидеҳ ва маро маҷбур масоз, ки ба гуноҳ воқеъ шавам.” Огоҳ бошед! Онҳо дар фитна афтоданд. Ҳамоно дӯзах иҳотакунандаи кофирон аст.)
Вале муъминон бошанд, аз тараф назди Паёмбар (с) ҷамъ мешуданд. Он ҳазрат (с) пеш аз ин ҷанг мусулмонро ба нафақа кардан барои ҷанг ва агар касе дошта бошад, ба пешкаш кардани улоғ барои ҷанговарон тарғиб мекунанд. Аксари мусулмонон ба ҳадди тавони худ молу лавозимоти ҷангӣ оварда медиҳанд. Ҳазрати Усмон (раз.) сесад шутур бо ҳама лавозимоташ тақдим мекунанд. Боз ҳазор динори дигар мебахшанд, ки Паёмбар (с) баъди ин корашон “Ба Усмон коре, ки баъд аз ин мекунад, зиёне надорад” мегӯянд. Ҳазрати Абубакр (раз.) тамоми молашонро меоранд ва Ҳазрати Умар (раз.) бошанд, нисфашро. Имом Тирмизӣ дар ин бора ҳадисе меоранд, ки дар он чунин омадааст: Умар мегӯянд: Паёмбар (с) ба мо амр карданд, ки садақа кунем. Ман дар ин вақт моле доштам. Ба худ гуфтам: Имрӯз Абубакр ба ман расида наметавонад. Ҳамин тавр, нисфи моламро бардошта, назди Паёмбар (с) омадам. Он ҳазрат (с) ба ман гуфтанд: “Ба аҳлатон чӣ гузоштед?”. Гуфтам: Ҳамин қадар. Ҳазрати Абубакр тамоми молашонро оварданд. Он ҳазрат (с) барои он кас низ гуфтанд: “Эй Абубакр, ба аҳлатон чӣ гузоштед?”. Он кас гуфтанд: Ба онҳо Худо ва расулашро гузоштам. Вақте ин суханро шунидам ба худ гуфтам: Ман ҳаргиз дар коре аз Абубакр гузашта наметавонам.
Агар ин ҳадис дуруст бошад, ногузир ба муносибати ҳамин ҷанг Табук аст, ки онро гурӯҳе аз олимон низ тасдиқ кардаанд.
Гурӯҳе аз мусулмонон, ки ононро “гирякунандагон” мегуфтанд, назди Паёмбар (с) омада, дархост мекунанд, ки барояшон маркабе диҳанд, то бо он ба ҷанг бароянд. Аммо Он ҳазрат (с) ба онҳо чунин ҷавоб медиҳанд: “Чизе надорам, ки шуморо ба он савор кунам”. Онҳо бо шунидани чунин ҷавоб гирён пас мегарданд ва андӯҳгин мешаванд, ки барои баромадан ба ҷанг чизе надоранд.
Паёмбар (с) ҳамроҳ бо тақрибан сӣ ҳазор сарбоз ба роҳ мебароянд. Чанд нафар аз мусулмонон, ки ҳеҷ мавриди шубҳа ва иттиҳом қарор надоштанд, намебароянд. Миёни онҳо Каъб ибни Молик, Мурора ибни Рабиъ, Ҳилол ибни Умайя ва Абухайсама низ буданд. Онҳо, ба қавли Ибни Исҳоқ, нафарони содиқе буданд, ки дар мусулмониашон ҳеҷ гумоне набуд. Абухайсама баъди муддате ба роҳ мебарояд ва ба мусулмонон дар Табук ҳамроҳ мешавад.
Имом Табаронӣ, Ибни Исҳоқ ва Воқидӣ нақл мекунанд, ки Абухайсама баъди чанд рӯзи рафтани Паёмбар (с) дар рӯзе гарм ба ҳавлӣ медароянд, ки ду занашон дар хаймаҳояшон дар зери дарахтон нишастаанд. Ҳар яки онҳо атрофро об зада, барои шавҳарашон хӯрок омода намуда, нишаста буд. Вақте ба хаймаҳо наздик мешавад ва мебинад, ки онҳо барояш чӣ омода кардаанд, ба худ мегӯяд: Паёмбари Худо (с) дар ин гармо зери офтоби сӯзонанду Абухайсама зери сояи дарахтон пеши ҳамсарони нозанинаш дар наздаш таом омодааст?! Ба Худо, ин кор аз рӯйи инсоф нест! Баъд ба ҳамсаронаш мегӯяд: Ба Худо, ба хаймаатон пой намениҳам, то ба Паёмбар (с) нарасам. Занонаш дарҳол тӯшаи сафар омода мекунанд ва ба аспаш савор шуда, аз пайи Паёмбар (с) ба роҳ мебарояд ва ниҳоят онҳоро, ки ба Табук нав расида буданд, дарёб мекунад.
Вақте Абухайсама дар роҳ аз дур намоён мешавад, мусулмонон мегӯянд: Саворае сӯйи мо омада истодааст. Он ҳазрат (с) мегӯянд: “Бошад, ки Абухайсама бошад”. Сипас, онҳо мегӯянд: Эй Расули Худо, ба Худо, ӯ Абухайсама аст. Чун ӯ аз маркаб пиёда мешавад, назди Расули Худо меояд. Он ҳазрат (с) барояш чунин мегӯянд: “Эй Абухайсама, ҳамин кор бароят зебанда аст”. Сипас, ӯ ба Паёмбар (с) ҳама он чӣ шударо гуфта медиҳад ва Он ҳазрат (с) барояш дуои хайр мекунанд.
Мусулмонон дар ин сафар ранҷи зиёд ва кулфати беназире мекашанд. Имом Аҳмад ва дигарон нақл мекунанд, ки мусулмонон ду нафар ду нафар ва се нафар се нафар ба як шутур бо навбат савор мешуданд. Кор ба ҳадде мерасад, ки бархе шутурҳои худро сар мезаданд, то шикамбаи онро фишӯрда, аз обаш истеъмол намоянд.
Имом Аҳмад дар Муснади хеш аз Абуҳурайра чунин нақл мекунанд: “Вақте ҷанги Табук шуд, мардум ба гуруснагӣ дучор шуданд ва ба Паёмбар (с) муроҷиат карда гуфтанд: Эй Расули Худо, чӣ мешуд, ки ба мо иҷозат медодед, то шутурҳоямонро сар мезадем ва аз гӯшту равғани он истеъмол мекардем. Паёмбар (с) ба онҳо гуфтанд: “Майлаш, кунед”. Сипас, Ҳазрати Умар (раз.) назди Он ҳазрат (с) омада, гуфтанд: Эй Расули Худо, агар онҳо чунин кунанд, савора кам мешавад. Чӣ мешуд, ки ба онҳо мефармудед, то тӯшаҳои доштаашонро меоварданду шумо барояшон дуои барака мекардед. Шояд Худо ба тӯшаашон барака медиҳад. Сипас, Паёмбар (с) мефармоянд, то чодаре ҳозир кунанд ва аз онҳо талаб мекунанд, ки тӯшаҳои доштаашонро оварда ба он андозанд. Ҳамин тавр, нафаре як каф дона, нафари дигар як каф хурмо ва нафари сеюм як бурида нон оварда ба он андохт, ки дар ниҳоят чизи андаке болои он ҷамъ гардид. Баъд Он ҳазрат (с) ба он дастурхон дуои барака карданд ва сипас гуфтанд: “Акнун аз он ба халтаҳои худ бардоред”. Ҳамин тавр ҳар кас аз лашкар аз он дастурхон ба халтаи худ бардошт ва ниҳоят ҳама халтаҳои худро аз он пур карданду аз он ба серӣ хӯрданд ва боз андаке болои он чодар боқӣ монд. Сипас, Паёмбар (с) фармуданд: “ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва аннӣ расулуллоҳ” ду ҷумлае ҳастанд, ки ҳар кас дар ҳоли ба он яқин доштан агар ба Худо рӯ ба рӯ шавад, ҳеҷ аз ҷаннат маҳрум нахоҳад шуд”.
Вақте мусулмонон ба Табук мерасанд, дар онҷо на чизе меёбанд ва на касе мебинанд. Зеро онҳое, ки барои ҷанг ҷамъ шуда буданд, пароканда шуда, пинҳон мегарданд. Баъд Юҳанно, ҳокими Айла меояд ва бо Паёмбар (с) бар ҷизя додан созиш мекунад. Аҳолии Ҷарбо ва Азраҳ омада, онҳо низ бар пардохти ҷизя сулҳ мебандад. Паёмбар (с) бо ин созиш барояш васиқае навишта медиҳад.
Дар роҳи бозгашт мусулмонон аз минтақаи Ҳиҷр, ки маскани қавми Самуд буд, гузар мекунанд. Паёмбар (с) он ҷо ба саҳобагон чунин мегӯянд: “Ба маскани касоне, ки ба худашон ситам кардаанд (худашонро ба азоби Худо дучор кардаанд), надароед, то ба он чӣ онҳо гирифтор шудаанд, дучор нагардед. (Аммо агар даромаданӣ шудед,) гирякунон ворид шавед”. Баъд сарашонро мепечонанду ҳаракаташонро метезонанд, то аз он водӣ берун мешаванд.
Сипас, роҳ ба сӯйи Мадина мегиранд ва чун ба он наздик мешаванд ба саҳобагон мегӯянд: “Ин шаҳри “Тоба” ва ин кӯҳи Уҳуд аст. Кӯҳе, ки моро дӯст медораду мо онро дӯст медорем”. Боз мефармоянд: “Дар Мадина гурӯҳҳое ҳастанд, ки шумо куҷо рафта бошед ва ба кадом водие даромада бошед, онҳо низ бо шумо буданд”. Аз ин суханони Он ҳазрат (с) саҳобагон дар тааҷҷуб шуда мепурсанд: Эй Расули Худо, онҳо аз Мадина берун нашуданду? Он ҳазрат (с) чунин ҷавоб медиҳанд: “бале онҳо аз Мадина берун нашуданд, чунки узр доштанд”.
Ҳамин тавр баъди тақрибан ду моҳи дар берун будан моҳи Рамазон ҳамон сол ба Мадина бармегарданд.
Масъалаи касоне, ки дар ҷанг иштирок накарданд
Вақте ки Паёмбар (с) вориди Мадина шуданд, рост ба масҷид рафтанд ва дар он ҷо ду ракаат намоз хонда, барои қабули мардум нишастанд. Ҳамин тавр, он касоне, ки ба ҷанг иштирок накарданд, як як омада, барои Он ҳазрат (с) узри худро баён мекарданд ва ба он савганд мехӯрданд. Онҳо ҳаштоду чанд нафар буданд. Паёмбар (с) аз онҳо он чӣ зоҳир мекунанд, мепазиранду барояшон аз Худо мағфират мепурсанд. Вале масъалаи Каъб ибни Молик ва инчунин ду нафари дигарро ҳалнокарда мемонанд, то даме ки дар бораи пазируфта шудани тавбаи онҳо Қуръон хабар медиҳад.
Каъб ибни Молик (раз.) қиссаи худро дар ин бора дар ҳадиси тӯлоние нақл кардаанд, ки онро Имом Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд. Аз ҷумла дар он чунин омадааст: “Қиссаи ман дар ин ҷанг чунин буд, ки ман вақте ба он ҷанг иштирок накардам, он замон аз пештара дида шароити хубтар ва имконияти бештар доштам. Ҳар рӯз ба мақсади ба ҷанг омода шудан мебаромадаму вале кореро анҷом надода боз ба хона мегаштам. Ба худ мегуфтам: Ман ин корро карда метавонам. (яъне, ман ҳоло вақт дораму чизе пеши роҳи маро гирифта наметавонад). Рӯзҳо мегузаштанду дигарон бо ҷидду ҷаҳд омодагӣ медиданду ман бошам, ҳанӯз кореро анҷом надода будам. Ман чунин кардан гирифтам ва ниҳоят ҳама ба роҳ барамаданду рафтанд. Ман бошам чанд бор хостам, ки аз пушташон бароям ва ба онҳо расида гирам. Вале… эй кош чунин мекардам. Вақте Паёмбар (с) баромада рафта буданд, ҳар рӯз ба кӯча мебаромадам ва миёни мардум мегаштам, медидам, ки танҳо касоне мондаанд, ки ё ба мунофиқӣ муттаҳам буданд ва ё оҷизоне буданд, ки Худо барояшон ба набаромадан рухсат дода буд. Ин чиз маро хеле ғам медод. Вақте шунидам, ки Он ҳазрат (с) дар роҳи баргаштанд, ғаму андӯҳам бештар шуд. Ба кофтани баҳона сар кардам. Мегуфтам, ки пагоҳ бо чӣ баҳонае аз ғазабашон халос шавам?! Аз ҳар касе, ки дар ин бора чизе медонист, машварат хостам. Вале чун шунидам, ки Паёмбар (с) омада расиданд, он ҳама дурӯғу ботилҳо аз сарам дур шуданду қарор кардам, ки росташро мегӯям. Ба наздашон омадам. Вақте барояшон салом додам, бароям заҳрхандае карданд. Баъд гуфтанд: “Наздик биё”. Ман омадам ва дар рӯ ба рӯяшон нишастам. Аз ман пурсиданд: “Барои чӣ бо мо набудӣ? Охир, барои ин кор асп ҳам харида будӣ ку?”. Дар ҷавоб гуфтам: Оре, ман, ба Худо, агар ба ҷойи шумо дигар касе аз аҳли дунё мебуд, бо ҳазор баҳона аз ӯ халос мешудам. Касе мисли ман баҳс карда наметавонад. Вале, ба Худо, хуб медонам, ки агар ман имрӯз дурӯғе гӯям, ки шумо бо он аз ман розӣ мешавед, ба зудӣ Худо онро фош мекунаду боз аз ман хашматон меояд. Аммо агар ба шумо росташро гӯям, аз ман меранҷед. Вале ман умед дорам, ки бо он Худо маро мебахшад. Ба Худо савганд, ки ман баҳонае надоштам. Ман вақте бо шумо набаромадам, аз пештара дида шароити хубтар ва имконияти бештар доштам. Баъди шунидани суханони ман Он ҳазрат (с) гуфтанд: “Ин мард росташро гуфт. Акнун то даме, ки Худо масъалаи туро ҳал накунад, бирав”. Ман аз ҷоям хестам ва берун шудам. Як гурӯҳ аз мардуми Банӣ Салама аз паси ман омада, маро сарзаниш мекарданд (,ки чаро мисли дигарон баҳона накардам). Ман ба онҳо гуфтам: Оё мисли ман ҳамин корро каси дигар низ кард? Гуфтанд: Оре, ду марди дигар чунин гуфтанду мисли ҷавоби ту ҷавоб шуниданд. Ман гуфтам: онҳо кистанд? Гуфтанд: Мурора ибни Рабиъ ва Ҳило ибни Умайя. Онҳо ҳар ду марди солеҳ ва аз ҷумлаи иштирокчиёни ҷанги Бадр буданд, ки барои ман ҳамчун намуна шуданд.
Паёмбар (с) мусулмононро аз гап задан бо мо, яъне, се нафар аз миёни дигар ба ҷанг иштирок накардагон манъ карданд. Мардум аз мо дурӣ меҷӯстанд ва ба мо бегона шуданд. Ҳатто замину замон барои ман бегона шуда буд. Ман дигар онро намешинохтам. Ҳамин ҳол панҷоҳ рӯз идома ёфт. Он ду рафиқам бечора шуданду дар хонаҳояш ба ғам дода шуда нишаста монданд. Ман бошам, азбаски назар ба онҳо ҷавонтару далертар будам, ҳар рӯз мебаромадам, бо дигарон ба намози ҷамоат иштирок мекардам ва дар бозору кӯчаҳо мегаштам. Вале касе бо ман гап намезад. Ба Паёмбар (с), ки баъди намоз дар ҷояшон менишастанд, наздик шуда, салом медодам. Вале намедонистам, ки Он ҳазрат ба ҷавоби саломи ман лаб ҷунбонидан ё на. Баъд наздик ба эшон намоз мехондам ва дуздида нигоҳ мекардам. Медидам, ки вақте ба намоз шурӯъ кунам, Он ҳазрат (с) ба тарафи ман менигаристанд. Вале чун ба сӯйашон нигоҳ кунам, аз ман рӯяшонро мегардониданд.
Боре дар бозор мегаштам, ки набатие аз Набатиёни Шом, ки барои тиҷорат ба Мадина коло оварда буд, фарёд мекард: Кӣ ба ман Каъб ибни Моликро нишон медиҳад? Мардум ҳама сӯйи ман ишора мекарданд. Он мард ниҳоят ба ман наздик шуд ва ба ман номаеро аз номи подшоҳи Ғассон дароз кард. Онро кушода дидам, ки дар он чунин омада буд: “Аммо баъд, ман шунидам, ки рафиқат туро аз худ дур кардааст. Худо туро дар ин макони хориву зиллат қарор надодааст. Назди мо биё, туро дастгирӣ мекунем”. Вақте онро хондам, гуфтам: Ин ҳам як балои дигар аст. Онро ба танур андохта ба коми оташ додам. Вақте аз он панҷоҳ рӯз чил рӯзаш гузашта буд, фиристодаи Паёмбар (с) назди ман омад ва гуфт: Паёмбар (с) ба ту дастур медиҳанд, ки аз ҳамсарат ҷудо шавӣ. Ман гуфтам: Оё ӯро талоқ диҳам ва ё чӣ кор кунам? Ӯ гуфт: На, вале танҳо ҷудо шаву наздикӣ накун. Ба он ду рафиқам ҳам чунин дастур шуда буд. Ба ҳамсарам гуфтам: Ба хонаи падарат рав ва то ин масъаларо ҳал кардани Худо ҳамон ҷо бош. Баъд аз ин ҳодиса даҳ рӯзи дигар гузашт ва аз он рӯзе, ки Паёмбар (с) дигар мусулмононро аз гап задан бо мо манъ карда буданд, панҷоҳ рӯз пур шуд. Субҳи рӯзи панҷоҳум ман вақте намози бомдодро дар болои бомам хонда андармон ба зикри Худо нишаста будам, дунё бо ин ҳама фарохӣ бароям хеле танг шуда буд, ки ногаҳон овози марде ба гӯшам расид, ки аз болои кӯҳи Салъ бо овози баланд фарёд мекард, ки “Эй Каъб ибни Молик, мужда бидеҳ!” Ман дарҳол сар ба саҷда ниҳодам ва донистам, ки Худо бароямон кушоиш додааст. Паёмбар (с) баъд аз он, ки намози бомдодро мехонанд, ба ҷамоат хабар медиҳанд, ки Худо тавбаи моро қабул кардааст. Мардум бо шунидани ин хабар ба тарафи мо метозанд, то шодиёна гиранд. Бархе тарафи он ду рафиқам мераванд. Вақте он касе, ки овозашро аз дур шунида будам, назди ман омад, ҷомаамро аз танам берун карда, барояш ҳамчун шодиёна додам. Ба Худо ғайр аз он ҷома дигар чизе надоштам, ки танамро пӯшонам. Зуд ҷомаи дигар ба орият гирифтам ва сӯйи Паёмбар (с) шитофтам. Мардум гурӯҳ гурӯҳ бо ман вохӯрда бо он, ки Худо тавбаи маро қабул кардааст, табрик мекарданд. Ман вориди масҷид шудам, ки Паёмбар (с) дар атрофашон мардум нишаста буданд. Талҳа ибни Убайдуллоҳ бо дидани ман аз ҷояшон боло шуданд ва сӯйи ман тохта, ба оғӯш гирифтанд ва маро муборакбод гуфтанд. Ба Худо, аз миёни муҳоҷирон касе дигар ба пешвози ман нахест. Ман ин корро аз Талҳа ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард.
Каъб дар идомаи сухан мегӯянд: Вақте ба Паёмбар (с) салом додам, Он ҳазрат (с) бо чеҳраи кушод, ки аз шодӣ медурахшид, ба ман гуфтанд: “Ба беҳтарин рӯзе, ки аз бози ба дунё омаданат мебинӣ, мужда бидеҳ”. Гуфтам: Эй Расули Худо, ин хабар оё аз тарафи шумост, ё аз тарафи Худо? Он ҳазрат (с) гуфтанд: “Не. Аз тарафи Худост”. Баъд ман гуфтам: Эй Расули Худо, бешак, ба хотири пазируфта шудани тавбаам ҳама моламро барои Худо ва расули Ӯ мебахшам. Он ҳазрат (с) гуфтанд: “Беҳтар аст, ки як қисмати молатро барои худат нигаҳ дорӣ”. Ман гуфтам: Эй Расули Худо, ягона чизе, ки маро наҷот бахшид, ин ростӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба хотири қабул шудани тавбаам то охири умрам дигар дурӯғ намегӯям. Худованд дар ин бора ба Паёмбар оятҳои 117 то 119 ро нозил намуд:
“لَّقَد تَّابَ اللَّهُ عَلَى النَّبِيِّ وَالْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنصَارِ الَّذِينَ اتَّبَعُوهُ فِي سَاعَةِ الْعُسْرَةِ مِن بَعْدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٍ مِّنْهُمْ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ ۚ إِنَّهُ بِهِمْ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ (117) وَعَلَى الثَّلَاثَةِ الَّذِينَ خُلِّفُوا حَتَّىٰ إِذَا ضَاقَتْ عَلَيْهِمُ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ وَضَاقَتْ عَلَيْهِمْ أَنفُسُهُمْ وَظَنُّوا أَن لَّا مَلْجَأَ مِنَ اللَّهِ إِلَّا إِلَيْهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ لِيَتُوبُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ (118) ”
(Ба дурустӣ ки Аллоҳ (ҷ) тавбаи Паёмбараш (с) ва муҳоҷирону ансореро пазируфт, ки аз Паёмбар (с) дар лаҳзаҳои сангин пайравӣ намуданд, баъд аз он ки қариб қалби гурӯҳе аз онҳо гумроҳ шуда буд. Сипас Аллоҳ (ҷ) тавбаашонро пазируфт. Бешак, Аллоҳ (ҷ) бахшандаи меҳрубон аст. 118) Ва дар ҳақиқат Аллоҳ (ҷ) тавбаи он се нафареро, ки ҳукми қабулшавии тавбаашон ба таъхир гузошта шуд, пазируфт. Он қадар дучори андӯҳ гаштанд, ки ҳатто замин бо вуҷуди паҳноӣ бар онҳо танг гашт ва дилашон ба онҳо танг шуд ва ба яқин донистанд, ки барои паноҳ бурдан ҷуз Аллоҳ (ҷ) дигар паноҳгоҳе надоранд. Сипас Аллоҳ (ҷ) ба онҳо тавфиқ дод, то сидқан тавба кунанд, ва тавабаашонро пазируфт. Яқинан Ӯ тавбапазири меҳрубон аст. 119) Эй мӯъминон! аз Аллоҳ (ҷ) битарсед ва бо бандагони дар имону гуфтору кирдорашон содиқ ҳамроҳ бошед.) (Сураи Тавба 117 119)
Панду андарзҳо
1) Сухане чанд дар атрофи ин ҷанг
Ислом оҳиста оҳиста дар нимҷазираи Араб решаҳои худ устувор мекард ва дили мардумро ҳар чӣ бештар тасхир менамуд. Ин ҳама дигаргуниҳоро Румиён аз дур бо назари нигарониву ҳарос назорат мекарданд. Бояд гуфт, ки Румиён аз рӯйи бовару эътиқод ба насроният нагаравида буданд. Балки онро ҳамчун василаи истило ба қавмиятҳои дигари минтақа интихоб намуда буданд. Аз ҳамин ҷост, ки онро ба таври дилхоҳ ба бозӣ меандохтанд ва таҳрифу табдил мекарданд, ҳидояти онро ба бутпарастӣ омехта намуда, ба ҳақиқати он ботилҳои зиёде аз назди худ афзуда буданд.
Аммо Ислом — дине, ки даъвати ҳамаи паёмбарон бар асоси он бунёд ёфта буд, барои мардумро аз тасарруфи дигарон ба итоати Худо бароварадан омада буд. Аз ин рӯ, дигар болои онҳо касе ҳаққи тасарруф, султа ва ҳокимияте надошт. Акнун ҳокимияту султа ҳама ҳаққи Худо буду бас.
Румиён, ки аз ҳақиқати насроният ба тамом огоҳӣ доштанд, хуб медонистанд, ки ин рисолати ниҳоӣ то чӣ ҳад хатарнок асту то кадом андоза ба ҳукми тоғиёну султаи худкомагон ва худхоҳон таҳдид эҷод мекунад.
Ҷойи тааҷҷуб нест агар ин дин, ки дар нимҷазираи Араб пой устувор намудааст, манбаи нигаронӣ ва ҳароси тоғиёни румӣ ва думравони онҳо, ки танҳо ба зоҳир насронӣ шуда, аз он баҳри ҳукумати хеш болои мустамандон истифода мекарданд, гашта бошад.
Аз ин лиҳоз, хабари фатҳ шудани Макка ва дар нимҷазираи Араб дастболо шудани Исломро бо нигаронӣ қабул карданд. Баъд ба ҷамъ кардани тӯдаҳои худ байни Шому Ҳиҷоз пардохтанд, ба умеди он, ки пеши роҳи ин динро мегиранд, то дар ояндаи наздик интишори бештари он боиси аз байн рафтани онҳо ва аз даст додани нуфузашон нагардад.
Ин рӯйи тақозои эҳтимоми Румиён нисбат ба масъалаи мазкур бархӯрд миёни онҳо ва мусулмонон сангин ва пурхатар бояд мешуд. Вале ҳикмати илоҳӣ чунин хост, ки ҷиҳоди мусулмонон дар ин ҷанг танҳо ба ҳамон ҷаҳди бузурге, ки сарф намуданд ва ранҷи зиёде, ки кашиданд, маҳдуд гардад. Зеро онҳо дар роҳи рафтуомад аз Мадина то Табук масофаи тӯлоние тай намуда буданд. Ҳамон тавре, ки дидед, сафари ин ҷанг дар азобу машаққат ва ранҷу кулфате, ки дошт, хеле шигифтовар буд. Аслан, моҳияти ҳамон ҷиҳоде, ки Худо фармудааст, чист?! Магар он фидо кардани ҷону мол ва дареғ надоштани ҷаҳду тавон дар роҳи шариат ва дини Худо нест?! Худо аз мо бандагон танҳо ҳаминро мехоҳад. Худо паноҳ диҳад аз он, ки бар сарамон андешаи он биёяд, ки Ӯ тавассути ҷиҳод ба кӯмаки бандагон ниёз дорад, то пеши роҳи макру ҳилаи кофиронро бигирад ва ё маънои ҳидояту имонро ба дили мункирон ворид созад.
Сипоҳи мусулмонон дар ин ҷанги душвору сангин ҷону мол ва ҷаҳду тавони худро дареғ надошта, аз баҳри роҳати худ, ки дар муносибтарин фурсатҳояш буд, гузаштанд ва ба ҷойи он сахттарин азобу гаронтарин ранҷро бар дӯш гирифтанд. Онҳо бо ин кори хеш садоқати имонашон ба Худо ва муҳаббаташонро нисбат Ӯ нишон доданд, ки ба ҳаққ шоистаи пирӯзиву таъйиди илоҳӣ гардиданд. Худо кори онҳоро бидуни бархӯрд бо кофирон буд намуд. Чун дар дили онҳо тарсу ҳарос андохт, ки бар асари он ҳама папроканда шуда, зери тасарруфи дини нав даромаданро қарор карданд.
Дар муқобили он ҳама сахтиву душвориҳое, ки мусулмонон ҳамроҳ бо Паёмбар (с) баҳри ризои Худо таҳаммул намуданд, Худо чунон кард, ки Румиён ба осонӣ ба ҳукми пардохти ҷизя ба онҳо розӣ шуданд.
2) Андарзу аҳком
Ин ҷанг низ мисли дигар ҳодисот шомили якчанд ибрат ва аҳком мебошад, ки онро ба таври зайл иҷмолан баён мекунем.
1) Аҳаммияти ҷиҳоди молӣ. Бояд гуфт, ки ҷиҳод бар зидди душманони Ислом танҳо ба баромадан ба ҷанг маҳдуд намебошад. Баръакс як худи ин барои ҷиҳод шудан кифоягӣ ҳам намекунад. Зеро агар масъалаи ҷиҳод бо зӯру силоҳ ба хароҷоту мол тааллуқ пайдо кунад, дар ин сурат тамоми мусулмонон уҳдадор мешаванд, ки то ба ҳадди кофӣ расидан аз молу дороии худ харҷ намоянд. Дар ин ҳолат бояд таносуби дороиву нодории онҳо риоя гардад.
Фақеҳон қарор кардаанд, ки давлат вақте ба харҷ барои ҷиҳод муҳтоҷ мешавад, ҳақ дорад, ки ба ҳамон шакле, ки баён гардид, ниёзи худро ба гардани мардум бор кунад. Вале ба иттифоқи онҳо ин кор бояд ба шарте сурат гирад, ки агар дар хазинаи давлат моле изофагӣ барои чунин аъмол намонда бошад. Зеро агар дар хазинаи давлат моле барои харҷ ба эҳтиёҷоти низомӣ ва ҷангӣ буда бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ раво нест, ки аз моли мардум баҳри ин кор истифода карда шавад.
Ҳамин тавр, дидем, ки чи хел Ҳазрати Усмон (раз.) сесад шутури муҷаҳҳаз бо лавозимоти ҷангӣ ва ҳазор тангаи тилло оварда ба Паёмбар (с) супориданд, ки ниҳоят Он ҳазрат (с) дар ҳаққашон “Ба Усмон коре, ки баъд аз ин мекунад, зиёне надорад” гуфтанд. Албатта, ин суханон баёнгари фазли Ҳазрати Усмон буд. Гузашта аз ин, суханоне, ки Он ҳазрат (с) дар ҳаққи Ҳазрати Усмон гуфтанд, барои нафароне, ки ба он кас забондарозӣ мекунанд, заҷру танбеҳ мебошад. Амсоли касоне, ки сиёсати дар айёми хилофаташон пешгирифтаашонро зери танқид кашида, бо баёни заъфу худхоҳӣ дар сиёсати эшон лоф мезананд ва саҳифаҳо пур мекунанд. Онҳо дар ин кори хеш ба табъи дили он шарқшиносоне кор мекунанд, ки таърихи исломиро пайваста зери борони нақду накӯҳиш қарор додан мехоҳанд, то ба ҳамон ҳадафи дар пешашон ниҳода шуда, ки аз ба сардаргумӣ андохтани мусулмонон иборат аст, бирасанд.
Ин нафарон, ки худашонро дар покизагиву назоҳат дар осмони ҳафтум мениҳанд, то аз ҳамон ҷо ҳукми худро нисбат ба Ҳазрати Усмон ва сиёсати эшон содир намоянд, аз ҳама беш ба он ниёз доранд, ки бемор будани худро дарк намуда, баъд барои дармон бахшидан ба он аз омӯзиши рӯзгори ин Ҳазрати бузургвор ва рафтору кирдори эшон истифода баранд.
Сарфи назар аз он, ки Ҳазрати Усмон кори хилофатро чи гуна пеш бурданд, баъди шунидани ин сухани Паёмбар (с) дар ҳаққи эшон “Ба Усмон коре, ки баъд аз ин мекунад, зиёне надорад” шахс чи тавр аз ахлоқ даъво мекунаду боз бо кадом рӯй фаъолияти эшонро нақд намуда, ба он таъна мезанад.
2) Чанд сухан доир ба ҳадиси Ҳазрати Абубакр (раз.) ва он иловагиҳое, ки иддае ба он ворида намудаанд, то ба муҳимтарин бидъати номашрӯъ машруият бахшанд.
Он ҳадисе, ки аз тарафи Имом Тирмизӣ ва Абудовуд ривоят шудааст ва дар бораи он, ки чи тавр Ҳазрати Абубакр тамоми молашонро барои Расули Худо (с) пешкаш намуданд, нақл мекунад, дар боло зикр гардид. Инчунин дар он омада буд, ки вақте Он ҳазрат (с) аз он кас мепурсанд, ки “… ба аҳлатон чӣ гузоштед?”, он кас дар ҷавоб “Ба онҳо Худо ва расулашро гузоштам” мегӯянд.
Иддае ба ҳадиси мазкур иловае бофтаанд, ки тибқи он Паёмбар ба Ҳазрати Абубакр чунин мегӯянд: “Эй Абубакр, Худо аз шумо розӣ аст. Оё шумо низ аз Ӯ розӣ ҳастед?”. Аз ин сухан он кас ба ваҷду ҳаяҷон меоянду аз ҷояшон хеста, дар назди Он ҳазрат (с) ба рақс медароянд ва чунин мегӯянд: Чи хел ман аз Худо розӣ нашавам?!
Ҳамин тавр, ин нафарон бо истифода аз ин иловаи бофтаашон ба дуруст будани рақсу чархзанӣ дар ҳалқаҳои зикр, ҳамон тавре ки пайравони Мавлавия ва амсоли онҳо аз аҳли тасаввуф мекунанд, истинод намудаанд.
Чи хеле ки дида мешавад, он далеле, ки ба он истинод кардаанд, бофта ва беасос мебошад, зеро дар ягон ҳадиси саҳеҳ ва ё заиф наомадааст, ки Ҳазрати Абубакр дар назди Паёмбар (с) ба чунин кор даст зада бошанд. Танҳо коре, ки он кас кардаанд, ҳамон буд, ки дар ибораи ҳадиси Имом Тирмизӣ ва Абудовуд зикр шудааст. Бо он ҳама эҳтимолоти заиф будани он, ки дар тахриҷи ҳадиси мазкур гуфта шудааст.
Аммо дар бораи мазмуни он бошад, бояд гуфт, ки он натанҳо беасос аст, балки ба ҳаром будани он далели қатъӣ ворид шудааст.
Ҷумҳури уламо бар онанд, ки рақс ҳаром аст, ҳамроҳ бо оҳанг бошад. Вале агар холӣ аз он бошад, макруҳ гуфтаанд. Аммо ворид намудани рақс, новобаста аз чи гунагии он, ба зикри Худо ин ба маънои “ба ибодати шаръӣ ворид намудани чизе макруҳ ва ё ҳаром ва бо ҳамин роҳ бидуни ягон далел табдил додани он ба ибодате, ки баҳри Худо ба хотири савоб анҷом дода мешавад” мебошад.
Илова бар ин, он суханҳои ноҷое, ки аз забони “аҳли зикр” мебарояд, ба алфози зикр ҳеҷ рабте надорад, балки онҳо як ғурунгосеро мемонад, ки бо ҳамоҳангӣ аз даҳони онҳо мебарояд ва дар маҷмӯъ нағмаи мутрибонро ташкил медиҳад. Ин ҳамоҳангӣ як ҳолати мастӣ ва ҳаяҷонро дар вуҷуди ширкаткунандагон ба бор меорад.
Бо ин ҳама, ин чи хел ҳамон зикре мешудааст, ки Худо фармудааст ва Паёмбар (с) ва саҳобагон онро анҷом медоданд?! Ин гуна амалкард чи гуна ибодат мешудааст?! Дар ҳоле ки, тавре маълум аст, ибодат ҳамон чизест, ки Худо дар китоби хеш ва суннати Паёмбараш муайян ва муқаррар намудааст. Он на ба зиёдӣ ниёз дораду на кам карда шавад.
Бояд донист, ки ба ин чизе, ки мо мегӯем, ҳама олимони шариати исломӣ дар гузаштаву имрӯз иттифоқ кардаанд. Ба истиснои як иддаи кам, ки бидуни изни Худо ба аҳкоми дин даст зада, гоҳо бо баҳонаи ваҷду мастӣ ва гоҳи дигар бо баҳонаи берун шудан аз доираи масъулияти бандагӣ муҳаррамоти онро ҳалол шуморидаанд ва муҳликоти онро мавриди амал қарор додаанд.
Бинед, ки яке аз имомони бузурги Ислом, Изз ибни Абдуссалом, ки дар илму тақво ва парҳезу тасаввуф ҷойгоҳи худро доранд, дар ин бобат чӣ мегӯянд: “Рақсу қарсакзанӣ бошад, нишонаи камхирадӣ ва дурӣ аз мурувват аст, ки шоистаи мардон намебошад. Ин гуна амалҳо танҳо аз касе содир мешаванд, ки камхирад асту лофзан ва ҳарзагӯй. Як рақси мавзун зери оҳанги наво аз касе, ки аз худ бехуд шудаву маст гардидааст, чи гуна падид меояд?! Дар ҳоле ки аз Паёмбар (с) омадааст, ки “Беҳтарини қарнҳо қарни ман аст. Баъд қарни касоне, ки баъди онҳо меоянд. Баъд қарни касоне, ки баъди онҳо меоянд”. Ягон кас аз ҷумлаи ин нафароне, ки шоистаи пайравӣ ва намуна мебошанд, ба чунин кор даст назадаанд”.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ низ дар ин бора дар китоби хеш “Каффурриоъ” ва Ибни Обидин дар “Ҳошия”и худ, ки яке аз сарчашмаҳои муътамад дар мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад, ваҷдеро, ки ба нохости шахс рух медиҳад аз ваҷде, ки бофта аст, ҷудо намуда, чунин овардаанд. Имом Қуртубӣ ба таври фарохтар аз ин бидъати зишт барҳазар дошта, ҳаром будани онро ба шиддат баён мекунанд. Барои маълумоти бештар дар ин бора метавонед ба суханони эшон дар тафсири ояти 37 аз сураи Исроъ муроҷиат кунед.
Агар хавфи ба тӯл кашидани сухан намебуд, ҳароина бароятон далелаҳои зиёдеро дар ин бора аз имомони бузургвори дин меовардам, то бароятон маълум гардад, ки дар ин масъала ҳақиқате, ки имомон дар гузаштаву имрӯз бар он бе чуну чаро иттифоқ кардаанд, ҳамин аст.
Маълум аст, ки аз он чӣ гуфта шуд, истисно мешавад, ҳолате, ки дар он зикркунанда бидуни ихтиёр аз идроку ҳӯш берун равад ва идораи худро аз даст диҳад. Зеро дар ин сурат шахс аз доираи таклиф ва масъулият мебарояд. Он чӣ аз ҳаёти Изз ибни Абдуссалом нақл шудааст, ки “боре он кас ҳам ба ваҷд омада, ба ҷаҳиш даромадаанд”, ба ҳамин маъно шарҳ дода мешавад. Чунки чи гуна метавон ин ҳолатро “дидаву дониста” гуфт, дар ҳоле ки худашон ба ин ҳолат он тавре ҳукм карданд, ки дар боло зикраш омад?!
- Мунофиқон: табиат ва андозаи хатари онҳо ба Ислом. Дар Китоби Худо перомуни ин ҷанг нисбат ба ҷангҳои дигар бештар ёд шудааст. Масалан, дар сураи Тавба якчанд саҳифа ба баёни ҷанги мазкур бахшида шудааст. Аксари ин оятҳо ба тавсифи аҳамияти ҷиҳоди ҷонӣ ва молӣ дар роҳи Худо тамаркуз намуда, ба он диққат медиҳад, ки ин навъи ҷиҳод ба рост будани мусулмонии шахс далел буда, бо он шахси муъмин аз мунофиқ фарқ мекунад. Инчунин аз он оятҳо фаҳмида мешавад, ки мусулмонон, агар даъвои мусулмонӣ мекунанд, набояд ба роҳату рафоҳият дода шаванд, набояд дар рӯ ба рӯйи он ҳама ранҷу азобе, ки дар роҳи Худо гоҳо дучор мешаванд, шикастагӣ аз худ нишон диҳанд. Боз ин оятҳо дар бораи мунофиқон бисёр сухан мекунад ва аз нияту ҳадафҳои ниҳонии онон хабар медиҳад.
Ибрате, ки ин ҳодиса баён кардан мехоҳад, ин аст, ки масъалаи нифоқ ва мунофиқон дар ҳар давру замон муҳим ва хатарнок ба шумор меравад ва мусулмонӣ танҳо як даъво набуда, балки бояд онро ҷиҳод ва аз сар гузаронидани сахтиву азоб исбот намояд, то муъмини ростин аз даъвогари дурӯғин фарқ карда шавад ва имони муъминон аз иддаои мунофиқин тоза гардад. Бешак, ҷанги Табук муносибтарин мавод ба ин дарсу ибрати қуръонӣ буд. Чунки он мусулмононро мавриди санҷиши сахти илоҳӣ қарор дод, ки парда аз рӯйи нифоқ дар Мадина бардошт ва мунофиқонро аз мусулмонони содиқ ба хубӣ ҷудо намуд. Баъд оятҳои илоҳӣ пайи ҳам нозил шуда, ононро (мунофиқон) болои ҷинояташон дастгир мекард ва ба мусулмонон дили сиёҳи эшонро фош намуда, аз хатари онҳо, ки маҳдуд ба як давру замон нест, бар ҳазар медошт.
Масалан, дар ин бора оятҳои 81 — 83 аз сураи Тавба чунин мегӯяд:
“فَرِحَ الْمُخَلَّفُونَ بِمَقْعَدِهِمْ خِلافَ رَسُولِ اللَّهِ، وَكَرِهُوا أَنْ يُجاهِدُوا بِأَمْوالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ، وَقالُوا لا تَنْفِرُوا فِي الْحَرِّ قُلْ نارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا لَوْ كانُوا يَفْقَهُونَ، فَلْيَضْحَكُوا قَلِيلًا وَلْيَبْكُوا كَثِيراً جَزاءً بِما كانُوا يَكْسِبُونَ، فَإِنْ رَجَعَكَ اللَّهُ إِلى طائِفَةٍ مِنْهُمْ فَاسْتَأْذَنُوكَ لِلْخُرُوجِ، فَقُلْ لَنْ تَخْرُجُوا مَعِيَ أَبَداً وَلَنْ تُقاتِلُوا مَعِيَ عَدُوًّا إِنَّكُمْ رَضِيتُمْ بِالْقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَاقْعُدُوا مَعَ الْخالِفِينَ ”
(Мунофиқони ақибнишинӣ карда, ба сабаби аз ҷиҳод нишастанашон, хушҳол шуданд дар роҳи Аллоҳ (ҷ) бо ҷон ва молҳояшон ҷиҳод карданро написандиданд ва гуфтанд: “Дар ин ҳавои гарм ҳаракат накунед.” Бигӯй: “гармии оташи дӯзах сахттар аст.” 82) Пас бигузор андак биханданд ва дар бисёр мегирянд. Ин ҷазои куфру маъсиятҳоест, ки касб кардаанд. 83) Пас агар Аллоҳ (ҷ) туро аз сафарат назди гурӯҳе аз мунофиқон бозгардонаду аз ту дархости дар ҷиҳод баромаданро кунанд, ба онҳо бигӯ: “Минбаъд шумо ҳеҷ гоҳ ҳамроҳи ман ба ҷиҳод берун намешавед ва ҳамроҳ бо бар зидди душман ҷанг намекунед. Бешак, шумо ба ақибнишинӣ аз ҷанги Табук розӣ шудед. Пас дар манзилатон бо беморону занону кӯдакони дар хона монда биншинед.”)
Шумо агар ба оятҳои пеш ва паси оятҳои мазкур нигоҳ кунед, хоҳед дид, ки то чӣ ҳад ба масъалаи мунофиқон ва аҳаммияту хатари онҳо эҳтимом шудааст. Ин ҳама ба хотири он аст, ки он ҳама шикасту гирифториҳое, ки мусулмонон дучор мешаванд, аз ҳамин тарафи мунофиқон меояд. Зеро душман танҳо тавассути ҳамин гуна ашхос ба майдони мусулмонон роҳ меёбаду худи мусулмонон низ аз ҳама беш ба ҳамин гуна ашхос фиреб мехӯранд, аз ҳама беш ба сабаби ҳамин гуна ашхос ба заъфу нишастамондагӣ гирифтор мешаванд. Худованд дар ояти 47 аз сураи Тавба дар ин бобат хуб фармудааст:
“لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ ما زادُوكُمْ إِلَّا خَبالًا وَلَأَوْضَعُوا خِلالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ”
(агар бо шумо берун шаванд, танҳо фасодро бароятон афзун месозанд ва бегумон ба суханчинӣ мешитобанд ва дар байнатон касоне ҳастанд, ки ба онҳо гӯш мекунанд. Ва Аллоҳ (ҷ) мунофиқони золимро медонад.)
Хатари ин гуна ашхос дар он аст, ки онҳо бо номи мусулмонӣ ва бо силоҳи худи Ислом бар зидди он мубориза мебаранд ва бо баҳонаи ислоҳу таҷдид ва созгор намудан аҳкоми онро ба бозӣ меандозанд, аз он фатвоҳои сохтаву бофта мебароранд, то ба хостаи хеш бирасанд ва ба хоҷагон ва валинеъматони худ хидмате карда бошанд.
Аз ҳама андарзи муҳимме, ки мусулмонон бояд аз ин ҳодиса бигиранд, он аст, ки агар аз душмани беруна як бор эҳтиёт мекунанд, пас аз ин гуна душманони дарунӣ ҳазор бор бар ҳазар ва эҳтиёт бошанд. Агар мубориза бурданӣ мешаванд, пеш аз ҳама бо ҳамин гуна ашхос дар набард бошанд.
- Ҷизя ва Аҳли Китоб. Дар ин ҷанг аҳкоми гирифтани ҷизя аз Аҳли Китоб ҷорӣ гардид. Онҳо бо ҳамин восита ҷону молашонро маҳфуз медоранд. Чи тавре дидем, бо омадани Паёмбар (с) ба Табук сипоҳи Румиён парокандаву парешон гардида, қабилаҳои арабии насронӣ барои мусолиҳа омаданд. Паёмбар (с) бо онҳо бар ивази ҷизя сулҳ карданд ва барояшон ин созишро дар аҳдномае навишта доданд.
Ҷизя андози молиест, ки нисбат ба Аҳли Китоб мисли закот ба мусулмонон ҷорӣ мегардад. Фарқи он аз закот дар он аст, ки ҷизя моҳияти динӣ надошта, он танҳо бар асоси ҳукмӣ адо карда мешавад. Закот бошад, дар баробари моҳияти ҳукмӣ доштан боз асоси динӣ низ дорад.
Бинобар ин, он нафароне, ки зери ҳукми ҷизя қарор доранд, дар ҷамъияти исломӣ ҳукман дар доираи Ислом мебошанд, агарчи ақидаи онро қабул накардаанд. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳақ надоранд, ки бар хилофи чизе аз қонун ва аҳкоми Ислом ошкор амал намоянд. Магар он амале, ки ба андешаи онҳо хилофи он раво мебошад, мисли арақхӯрӣ ва ғайра.
Ҳамин тавр, дар масъалаи ҷизя Аҳли Китоб аз тоифаҳои дигар, амсоли даҳриён ва бутпарастон фарқ мекунанд. Зеро Аҳли Китоб дар ҳоле, ки пойбанд ба дини худ мемонанд, имкон дорад, ки бо ҷамъияти мусулмонӣ ва низоми умумии он ҳамбастагӣ дошта бошанд. Вале даҳриён, бутпарастон ва амсоли онон бошанд, чизе надоранд, ки ҳамбастагии ононро бо ҷамъияти мусулмонӣ кафолат диҳад. Зеро андешаи бехудоӣ ва чандхудоӣ имкон надорад, ки бо ҳукми исломӣ ва низоми он дар ягон ҷой ба ҳам оянд. Чунки миёни ину он дар решаву асос ихтилофу бегонагӣ вуҷуд дорад.
- Он тавҷеҳе, ки Паёмбар (с) ҳангоми аз маҳаллаи қавми Самуд гузаштан ироа намуданд, далолат бар он мекунад, ки шахси мусулмон вақте аз диёри қавмҳои гузашта аз ҷумлаи касоне, ки ба сабаби куфрашон ба Худо ҳалок шудаанд, убур мекунад, бояд аз ҳолати онҳо ибрат гирад, доир ба оқибати зишти онҳо андеша намуда, аз Худо барои худ ва дигар мусулмонон офият ва раҳмат хоҳад. Чунки он маҳаллаҳо шоҳиди саҳнае аз ғазаби Худо шуда ва харобаҳои он бо гузашти замон то ҳанӯз аз он ғазаб бозгӯйӣ мекунад. Бешубҳа Худованд хоста, то ин осор дар рӯйи замин боқӣ бошад, то мавриди ибрат ба касоне, ки ақлу хирад доранд, қарор гирад. Дар ин бора Худованд дар оятҳои зиёде хабар додааст. Аз ин ҷост, ки набояд аз чунин маҳаллаҳо шахс бепарво ва ва гӯё коре нашудааст, бо тамошои манзараву нақшу нигори бино гузарад.
Дар рӯйи замин маҳалли чунин ибрату андарзҳо кам нестанд, ки ҳамеша бо забони ҳоли худ ба мардум мегӯянд, ки “Эй аҳли хирад, ибрат гиред!”. Вале мардум аз он чизе намебинанд, ба ҷуз он гӯяҳое, ки шайтонашон барояшон нишон медиҳад. Аз он танҳо намодҳои санъату ҳунар ва нақшу нигори таърихиро мебинанду халос.
- Мо ҳоло бояд дар бораи фарқи муносибати Паёмбар (с) бо мунофиқон ва бо саҳобагони муъмини содиқ андеша кунем. Тавре дидем, аксари мунофиқон аз иштирок ба ин ҷанг худдорӣ намуданд. Онҳо назди Паёмбар (с) омада, бо ҳар баҳона ба ҷанг баромада натавонистани худро иброз мекарданд. Бо вуҷуди ин ҳама Он ҳазрат (с) онҳоро бахшиданд ва ба зоҳирашон ҳукм намуда, замирашонро ба Худо ҳавола карданд.
Дар ин росто як идда муъминоне, ки дар имонашон ҳеҷ шакку шубҳае набуд, низ аз иштирок ба ҷанг танбалӣ карданд ва баъд аз он, ки Паёмбар (с) аз ҷанг баргаштанд, наздашон рафта, мисли он мунофиқон барои ба даст овардани бахшиши Он ҳазрат (с) бо дурӯғу лоф худро сафед накарданд. Вале бо вуҷуди ин, Он ҳазрат (с) онҳоро набахшиданд. Балки баръакс дидем, ки то чӣ андоза онҳоро Паёмбар (с) сахт ҷазо доданд.
Чаро чунин шуд?! Барои чи он мунофиқон чунин муомилаи нарм диданду ин мусулмонон бошанд, ба чунин бархӯрди сахт дучор шуданд?!
Дар посух ба ин саволҳо бояд гуфт, ки сахтиву муомилаи дурушт дар ин мақом баёнгари гиромидошт ва арҷгузорӣ мебошад, ки мунофиқон ба ҳеҷ ваҷҳ шоистаи он набуданд. Зеро чӣ гуна мунофиқон сазовори он бошанд, ки Қуръон дар бораи аз ҷониби Худо пазируфта шуда тавбаашон ва бахшида шудани гуноҳашон хабар диҳад?!
Баъдан, хоҳ нохоҳ мусаллам аст, ки мунофиқон аз ҷумлаи кофирон мебошанд ва чизе аз он амалҳои зоҳирӣ, ки дар дунё аз худ нишон медиҳанд, онҳоро аз қаъри дӯзах раҳо карда наметавонад. Худованд моро амр намудааст, ки дар дунё бо онҳо тибқи он чӣ аз худ нишон медиҳанд, муносибат кунем ва бино бар зоҳирашон ба онҳо ҳукм намоем. Аз ин лиҳоз, мо ба самими баҳонаҳо ва ҳақиқати гуфтаҳояшон кор надорем. Мо дар дунё ҳақ надорем, ки аз рӯйи дурӯғе, ки аз онҳо содир мешавад, онҳоро ҷазо диҳем. Балки мо танҳо ба зоҳири онҳо кор дорем ва тибқи он бо онҳо муомила ва бар онҳо ҳукм мекунем.
Ибни Қаййим дар ин бора чунин мегӯянд: “Худованд бо бандагони хеш дар ҷазои гуноҳонашон чунин амал мекунад. Бандаи муъминашро, ки ӯро дӯст медораду барояш гиромӣ аст, ба сабаби майдатарин хатову лағжиш танбеҳ медиҳад, то ҳамеша бедору ҳушёр монад. Вале бандаеро, ки аз назари Худо афтидаву наздаш қадре надорад, шароити гуноҳ барояш медиҳад. Ҳар боре, ки гуноҳе содир кард, неъматаш барои ӯ афзун месозад”.
Дар он қиссаи Каъб ибни Молик, ки баён гардид, андарзу ибратҳое ҳастанд, ки ба иҷмол муҳимтаринашон инҳоанд:
Якум: Шаръан дуруст будани кандани алоқа бо касе ба сабабҳои динӣ. Дидем, ки Паёмбар (с) дар тӯли муддати ин воқеа мусулмононро аз гап задан бо Каъб ибни Молик ва рафиқонаш манъ карданд. Дар ин бора Ибни Қаййим чунин мегӯянд: “Ин ҳодиса инчунин далолат бар он мекунад, ки ҷавоб додан ба саломи касе, ки шоистаи кандани алоқа бо ӯ мебошад, воҷиб нест”. Чунки аз ҷумлаи нақли Каъб ин буд, ки “ҳар рӯз мебаромадам, бо дигарон ба намози ҷамоат иштирок мекардам …. Ба Паёмбар (с), ки баъди намоз дар ҷояшон менишастанд, наздик шуда, салом медодам. Вале намедонистам, ки Он ҳазрат ба ҷавоби саломи ман лаб ҷунбонидан ё на.” Агар ҷавоб додан ба саломи ӯ воҷиб мебуд, ҳароина бояд тавре мегуфтанд, ки ӯ шунавад.
Дуюм: Балои дигаре, ки бо он Худованд Каъб ибни Моликро мавриди имтиҳон гузошт, месазад, ки шахс дар бораи он андеша намояд, то бидонад, ки имони банда нисбат ба Худояш бояд чи гуна бошад. Дидем, ки подшоҳи Ғассон ба Каъб номае фархунда фиристода, ӯро даъват мекард, ки ин касонеро, ки ба қадраш нарасидаанд ва ӯро озор додаанд, тарк намояд ва кишвараш биёд, то мавриди гиромидошту арҷгузорӣ қарор бигирад. Он замон Каъб дар сахттарин вазъи ғаму андӯҳ қарор дошт. Вале дар муқобили ин бало низ ӯ имони росих ва яқини устувори худро нишон дод ва ихлосу муҳаббати беандозаи худро нисбат ба Худо ба намоиш гузошт.
Каъб ибни Молик (раз.) аз он имтиҳону санҷиш бо сари баланд бо Исломи хеш гузашт, зери таъсири он намонд ва ба он варта наафтид. Вале кам нестанд он шахсоне, ки аз чунин имтиҳон афтиданд, аз ин гуна санҷиш ҳоло ҳам меафтанд.
Сеюм: Саҷдаи шукр ибодатест шаръӣ ва он саҷдае, ки Каъб ибни Молик (раз.) ҳангоми шунидани хабари пазируфта шудани тавбааш анҷом дод, ба ҳам ин далолат мекунад. Ибни Қаййим дар ин бора чунин мегӯянд: “Ҳазрати Абубакр (раз.) вақте хабари кушта шудани Мусайлимаи Каззобро шуниданд, сар ба саҷда ниҳоданд. Ҳазрати Алӣ (раз.) вақте Зуссидяро миёни кушташудагони Хавориҷ диданд, сар ба саҷда ниҳоданд. Паёмбар (с) вақте Ҳазрати Ҷабраил хабар доданд, ки “Ҳар кӣ ба Он ҳазрат (с) як бор салавот мефиристад, Худо барои ӯ даҳ бор салавот мефиристад.” чунин карданд.
Чорум: Фақеҳони ҳанафӣ ба истиснои Имом Зуфар, бар онанд, ки агар шахс назр кунад, ки тамоми молашро ба бечорагон садақа менамояд, барояш танҳо бахшидани ҳамон моле воҷиб мегардад, ки аз он закот ҳисобида мешавад. Онҳо ба ин андеша далелҳои худро доранд. Аз ҷумла ҳамин сухане, ки Паёмбар (с) дар ҷавоби хеш ба гуфтаи Каъб ибни Молик “…бешак, ба хотири пазируфта шудани тавбаам ҳама моламро барои Худо ва расули Ӯ мебахшам” гуфтанд: “Беҳтар аст, ки як қисмати молатро барои худат нигаҳ дорӣ”.”.
Аммо касоне, ки ба андешаи онҳо “ҳама моли чунин шахс садақа мешавад, агар ҳамаашро назр карда бошад”, гуфтаанд, ки “ин сухани Каъб ибни Молик ба Паёмбар (с) дар асл ба сиғаи назр мебошад. Вале ӯ он ба маънои машваратест бо Паёмбар (с). Аз ин рӯ, Он ҳазрат (с) ҷавоб доданд, ки як қисмати молаш ҳам барои ин кор мешавад.”.
Шояд ҳамин тарзи фаҳмиш ба сиёқи каломи Каъб ва ҷавоби Паёмбар (с) наздиктар бошад.