Рубрики Хабарҳо

БОТИЛКУНАНДАҲОИ РӮЗАЕ, КИ ҲАМ ҚАЗО ВА ҲАМ КАФФОРА ВОҶИБ АСТ

Дар шариати ислом агар инсон ҳангомӣ рӯзадорӣ ба ҳамсараш наздикӣ кард, бояд ба ҷои  он рӯзаи ботилкардааш ҳам қазо дорад ва ҳам каффора диҳад.Тафсили инро дар ҳадиси поён равшантар дида мегузарем.

Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки мегӯянд:

Рӯзе марде ба назди Расулаллоҳ омаду гуфт:

Ё Расулаллоҳ ман ҳалок шудам!

Паёмбар аз ӯ пурсиданд: Чӣ чиз боиси ҳалокати ту гашт?

Он мард гуфт: Дар ҳоле, ки рӯзадор будам, ба ҳамсарам наздикӣ кардам.

Паёмбар ба ӯ гуфтанд:  Оё метавонӣ ғуломеро озод кунӣ? Он мард гуфт: Не, наметавонам.

Паёмбар пурсиданд: Оё метавонӣ ду моҳ пай дар пай рӯза дорӣ? Он мард гуфт: На, инро ҳам наметавонам.

Бори севвум Паёмбар пурсиданд: Оё метавонӣ шаст нафар фақирро таъом диҳӣ? Ин бор ҳам мард гуфт: На, наметавонам.

Сипас Паёмбар ба назди он мард сабатеро пур аз хурмо буд, оварданду гуфтанд:

Инро бигир ва шаст нафар фиқирро таъом деҳ.

Он мард ба паёмбар гуфт: Ҳеҷ касе фақиртар аз мо пайдо намешавад. Ягон оилае муҳтоҷтар аз оилаи мо дар Мадина вуҷуд надорад.

Паёмбар сухани ӯро шунида он қадар ханда карданд, ки ҳатто дандонҳои охирашон намоён гашт, сипас ба он мард гуфтанд: Ин хурморо бигир ва ба хонаводаи худат садақа намо. (Бухорӣ ва Муслим)

Ҷумҳури уламои шариат иттифоқ ҳастанд, ки агар мард дар ҳолати рӯзадориаш ба ҳамсараш наздикӣ кунад, бояд ҳам каффора диҳад, ҳам қазои он рӯзи ҷимоъкардаашро дошта диҳад.

Каффораи шахси ҷимоъкарда ба ин тартиб аст:

Аввалан, агар тавоноии молӣ дошта бошад, ғуломеро озод менамояд. Аммо алъон, ки алҳамдулиллоҳ ғуломдорӣ аз байн рафтааст,  уламои шариат мегӯянд: Агар инсон ба ҷои озод кардани ғулом, шахсеро аз зиндони куффор ба додани маблағ наҷот диҳад, кофист.

Дуввум, агар тавони озод кардани ғулом ё чихеле, ки гуфтем зиндониеро надошта бошад, ду моҳ пай дар пай ягон рӯз қатъ накарда рӯза мегирад.

Севвум, агар рӯза гирифтан ҳам натавонад, бояд шаст нафар камбағалро таъом диҳад.

Таоме, ки ба шаст фақир дода мешавад, метавонад хом тақсим кунад, метавонад  пухтаву ҳозир намуда тақсим кунад. Агар хом тақсим намояд, миқдори якуним кило озуқавориҳои захира карда мешуда, мисли биринҷ, орд, мавиз инҳо мебошад.

Агар таомро ҳозир намуда, тақсим кунад ба миқдори сершавии як нафар ҳозир менамояд, сипас ба камбағалон медиҳад.

Оё, зан низ мисли ҳамсараш каффора бояд диҳад ва ё танҳо каффораи шавҳараш кофӣ аст?

Уламо дар ин маврид ихтилофи назар доранд: Ҷумҳури уламо мегӯянд: зан низ бояд мисли шавҳараш ҳам қазо гирад, ҳам каффора диҳад, ба шарти он, ки бо хоҳиши худаш бемаҷбур сохтани шавҳараш ба ҷимоъ розӣ шуда бошад. Барои он, ки рӯзаи зан низ бо ҷимоъ ботил гашт ва каффораву қазояшро диҳад.

Танҳо имом Шофеъи мегӯянд: Зан танҳо қазои он рӯзро рӯза мегирад, аммо каффора барояш вуҷуд надорад. Барои он, ки дар ҳадиси дар боло зикршуда, паёмбар танҳо шавҳарро ба каффора амр карданд, ҳамсарат низ каффора диҳад нагуфтанд.

ДАР МАЗҲАБИ ИМОМ АБУҲАНИФА шахсе, ки рӯзаашро қасдан беягон сабаб мехӯрад, бояд мисли шахси ҷимоъкарда ҳам қазо дорад ва ҳам каффора диҳад. Аммо ба сабаби беморӣ ва ё сафар ва ё узрҳои дигар, агар рӯзаашро хӯрад, танҳо қазои он рӯзро рӯза мегирад.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *