Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 29 май бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Қарор аст, ки сарвазири Покистон дар конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ кунад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқотҳои расмӣ бо роҳбарияти олии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минтақавӣ, транзит, иртибототи нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф моҳи июли соли 2024 низ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ва гуфтугӯ анҷом дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube