Рубрики Хабарҳо

Таъсиси Академияи байналмилалии исломӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳои Ӯзбекистон

Дар вилоятҳои Қароқалпоқистон, Самарқанд, Намангон ва Сурхондарёи ҷумҳурии Ӯзбекистон Академияи байналмиллалии исломии илм ва ҳадисшиносӣ таъсис медиҳанд.

Дар ин бора,  имрӯз сешанбе, Фармони Шавкат Мирзиёев, Президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар матбуоти маҳаллӣ нашр шудааст.

Мутобиқи қарор, Академияи байналмилалии исломӣ дар шаҳри Тошканд таъсис дода мешавад. Филиалҳои Академия дар вилоятҳои Қароқалпоқистон, Самарқанд, Намангон ва Сурхондарё кушода хоҳад шуд.

Дар санад ҳамчунин таъсиси мактабҳои илмии ҳадис, ривояти суханон ва рафтори Паёмбар Муҳаммад (с) дар шакли муассисаи таълимии таҳсилоти олии динӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Дар Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон таҳқиқоти таърихи исломӣ, омӯзиши исломӣ,  тасаввуф, омӯзиши иқтисоди исломӣ ва молия, инчунин забонҳои хориҷӣ — арабӣ, форсӣ, англисӣ, русӣ, урду, туркӣ ва Олмонӣ ба роҳ монда хоҳад шуд» , — қайд шудааст дар хабар. 

Илова бар ин, Кумита оид ба корҳои динии Ӯзбекистон дар назди идораҳои гумрукӣ маркази иттилоотӣ ва таҳлилии омӯзиши равандҳои динӣ ва иҷтимоиро таъсис медиҳад. Ин марказ адабиёт ва маводи чопӣ ва электрониро, ки характери динӣ доранд ва ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, таҳлил мекунад, омилҳое, ки ба суботи вазъияти динӣ ва иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонанд, меомӯзад ва ташхис мекунад. Қарори иҷозаи вуруди матлабҳои диниро ба қаламрави ҷумҳурии Ӯзбекистон содир мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Мирзиёев дар моҳи декабри соли 2017 дар бораи таъсиси Академияи исломии Ӯзбекистон қарор қабул карда буд. Илова бар ин, Мирзиёев моҳи июни соли гузашта эълом карда буд, ки дар шаҳри Самарқанд Маркази байналмилалии ҳадисшиносӣ ва тадорукоти исломии “Имоми ал-Бухорӣ” бунёд карда мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *