Рубрики Хабарҳо

Дар муноқишаи марзӣ як низомии қирғиз гум шудааст

Дар муноқишаи мусаллаҳонаи 15-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як низомии қирғиз шудааст. 

Волидонаш то ҳол писари худро, ки ҳангоми даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нопадид шуд, ҷустуҷӯ доранд. Дар ин бора вакили парлумон Марат Мураталиев имрӯз, 28-уми сентябр дар ҷаласаи Ҷокоргу Кенеш — парлумони Қирғизистон хабар дод.

Марат Мураталиев аз Девони вазирон тақозо кард, ки ҷустуҷӯи сарбози гумшуда Дастан Анорбековро суръат бахшанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 16 сентябр дар чанд мавзеъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон тирпарронӣ оғоз шуд. Аз ҷониби Қирғизистон 198 нафар маҷрӯҳ шуда, 63 нафар ба ҳалокат расиданд. 

Аз ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол гузориш аз шумори фавтидагон дигар мешавад ва ру ба афзоиш аст. Дар охирин гузориш Радиои Озодӣ шумори фавтидагон аз ҷониби Тоҷикистонро 74 нафар гуфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *