Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласаи навбатиаш созишномаро байни ҳукумати Тоҷикистон, ҶММ “Авеста гурӯҳ” ва ширкати ӯзбекистонии “Artel Engineeringand Management” “Дар бораи бунёди корхонаи муштараки ”Артел Авеста Электроникс”” ба тасвиб расонд. Корхонаи тавтаъсис ба истеҳсоли молҳои барқӣ машғул хоҳад шуд.
Ширкати муштараки навтаъсис бо маблағи 10 миллион доллар сохта шуда, барои бунёди он ҳарду ҷониб 5 миллиондолларӣ ихтисос додаанд. Тибқи иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ барои бакорандозии корхона ҳама чиз омода аст ва гурӯҳе аз мутахассисони тоҷик дар идораи “Artel Engineeringand Management” дар Тошканд такмили ихтисос кардаанд.
Гуфта мешавад то Наврӯз корхона ба истеҳсоли чангкашак ва обгармкунакҳо шурӯъ карда, то охири соли ҷорӣ истеҳсоли телевизор ва мошинҳои ҷомашӯиро низ ба роҳ хоҳад монд.
Солунҳои тавлидотии корхонаи муштарак дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт, назди маркази тиҷории Ёвар бунёд шудаанд.
ҶММ “Авеста гурӯҳ” ба бародарон Мирзоевҳо таъаллуқ дорад, ки чанд бизнес дар Тоҷикистон, аз ҷумла воридот ва фурӯши яклухти дорувориро монополия кардаанд. Хуршед Мирзоев, яке аз ин бародарон ҳамсинфи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур ва шаҳрдори пойтахт мебошад.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, дар асл 70 дарсади саҳм дар ин ширкати чандсоҳаӣ ба Рустами Эмомалӣ ва танҳо 30 дарсади он ба Мирзоевҳо таъаллуқ дорад. Ин корхона бо дастгирии давлат бо шиддат пеш меравад ва имкон дорад ба зудӣ бо ширкатҳои домодҳои раисҷумҳур вориди рақобат шавад.