Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дирӯз дар нишасти навбатиаш тарҳи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2018-ро баррасӣ ва қабул кард. Ҳаҷми буҷа барои соли оянда 21 милларду 337 миллион сомониро ташкил дод.
Абдусалом Қурбониён, вазири молия, ки ин тарҳро дар парлумон матраҳ мекард гуфт, дар соли 2018 ҳам буҷа ҷанбаи иҷтимоӣ хоҳад дошт ва ҳамин ҷанбаро барои солҳои 2019-2020 ҳифз хоҳад кард.
«Қисми даромади буҷа 21 миллиарду 3 миллион сомони сомонӣ ва қисми хароҷоташ 21 миллиарду 337 миллион сомонӣ аст. Қисми даромади буҷа нисбат ба соли ҷорӣ 7 дарсад ё 1.3 миллиард сомонӣ бештар аст»,- зикр кард вазир.
Қисми хароҷотии буҷа ҳам, ба гуфтаи Қурбониён, назар ба соли ҷорӣ 1.4 миллиард сомонӣ бештар хоҳад буд. Камбуди буҷа 0,5 дарсад ё 334 миллион сомонӣ ба назар гирифта шудааст, ки тибқи иттилои вазир аз ҳисобу қарзу грантҳои хориҷӣ пӯшонида мешавад.
Қурбониён гуфт барои бахши иҷтимоӣ 10,2 миллиард сомонӣ ҷудо хоҳад шуд, ки аз он 3.8 млрд барои маориф, каме бештар аз 1.5 млрд барои тандурустӣ пешбинӣ шудааст.
Барои пардохти қарзи хориҷӣ 1 млрду 234 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Таваррум ва рушди иқтисод дар як сатҳ — 7 дарсад пешбинӣ шудааст. Қурби пули миллӣ тибқи пешбинии вазорати молия дар сатҳи 1$=9 сомонӣ хоҳад буд.