Рубрики Хабарҳо

Муҳлати бақайдгирии соҳибкорон то 24 соат кам шуд

Муҳлати бақайдгирии давлатии шаҳсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон аз 3-5 рӯзи корӣ то ба 24 соат кам карда шуд.

Тағйирот дар ин бора ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ворид карда шуд.

Дар баробари ин барои анҷоми чандин хадамоти дигари давлатӣ низ як шабонарӯз муқаррар шудааст.

Дар ин феҳраст аз ҷумла бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва қатъ намудани фаъо­лияти онҳо, таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ зикр шуданд.

Инчунин ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар муҳлати то 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор аз сабукиҳои дигар мебошад.

Ҳамин тариқ феълан шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 то ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин бахш ройгон мебошад.

Ба иттилои расмӣ, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба 339 ҳазор расидаст, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *