Институти салтанатии таҳқиқоти дифоъии Биритониё ро бо унвони: «Хулосаҳои аввалия аз амалиёти ғайримаъмулии русҳо дар тӯли ҷанг Русия ва Украина, барои феврал 2022 — феврал 2023» мунташир кард. Бархе аз натиҷагириҳои ҷолибе дар ин гузориш вуҷуд доранд, ки “Паём” онро барои хонандагонаш бозгардон кард.
Аз ҷумла:
Фармони омода шудан барои ҳамла ба Укроинро Хадамоти амнияти Русия (ФСБ) (бо дарназардошти афзоиши якбора ва чашмраси кормандони он), дар моҳи июли соли 2021 гирифтааст.
Стратегияи Русия рӯи эҷоди як шабакаи иттилоотии бузург дар Укроин асос ёфта буд, ки даҳсолаҳо омода шудааст. Дар ҳоли ҳозир Киев бахше аз ин шабакаро ифшо кардааст.
Хадамоти махсус Русия бисёре аз укроиниҳои бонуфуз истихдом карданд, ки баъдан ба таври мустақил шабакаҳоеро таҳти раҳбарии худ эҷод карданд. Ин як стратегияи маъмулӣ аст, ки дар китобҳои дарсии Шӯравӣ шарҳ дода шудааст.
Яке аз ҷосусҳои аслии Русия собиқ вакили парлумон Андрей Деркач буд, ки дар солҳои 2006-2007 раис «Энергоатома» буд ва бахши ҳастаии Укроинро вобастаи Русия кард.
Худи Деркач шабакаи ҷосусии худро сохт, ки аз ҷумла генерали СБУ Олег Кулинич, ки дар тобистони 2022 боздошт гашт, узви он буд.
Тибқи барномаи Русия, Кулинич бо кумаки сарҳанги собиқи пулис Юрий Голубан, қарор буд эътирозоти густурдаеро монанди евромайдон ташкил, то Русия таҳриккунандагони худро дар дохили ин эътирозҳо ворид карда, зарухӯрд бо полисро роҳандозӣ кунад. Барои аудиторияи русӣ, ин чун як «кудатои рости ифротӣ» намоиш дода шуда, ҳамла ба Укроинро тавҷеҳ мекард. Аммо дар моҳи январи соли 2022 неруҳои амниятии Укроин бо боздошти Голубан ин тарҳро хунсо карданд.
Илова бар ин, Маскав заминаро барои эътирозот бо тарафдории Русия фароҳам кард. Дар ин самт ҳизби оппозисионии Платформи оппозитсионии “Барои зиндагӣ” кор мекард, яке аз раҳбарони он Виктор Медведчук ва ҳамчунини вакилони ҳамонвақтаи мардумӣ Иля Кива и Виктор Черний буд, ки махсус шохаи низомии созмонро барои ин кор омода карданд, ки ба он афроде аз ҷунбиши “Ватанпарастон барои зиндагӣ” шомил буданд.
Муҳимтарин гурӯҳи идологии ҷосусони Русия “Калисои правослаии укроинии патриархати Масакв” буд. Русия кашишҳои онро истихдом ва раҳнамоӣ карда ва пас аз таҳоҷуми бузург, аз биноҳои калисои ин созмон ба ҳайси пойгоҳ таҷҳизот ва артиши Русия истифода кард.
Хадамоти ҷосусии Русия бо дарки ноомодагӣ ба ҳамла, тавсия карданд, ки таҳоҷум то тобистонм 2022 ба таъхир гузошта шавад, аммо ба ҳар ҳол Кремл онро оғоз кард.
Кремл воридсозии чунин миқдорм бузург таҷҳизоти низомӣ ба Укроинро танҳо ба ҳайси намоиши қудрати низомӣ дар назар гирифт. Маскав барои даргириҳои тӯлонимуддати тамомаёр омода нашуда буд ва интизор дошт, ки муваффақият дар забти Кримро такрор кунад. Стратегияи русҳо тақрибан ба таври комил бар ин такя мекард, ки артиш ва ҷомеаи Укроин муқовамат нахоҳанд кард.
Ҷосусони рус дар дохили Укроин барои як ҷанги тамомайёр омода ва муносиб набуданд, масалан барои харобкорӣ дар ақибгоҳ.
Русия саъй кард бо ташкили корпартоӣ дар раҳбарияти воҳидҳои поин, фармондеҳии олии Укроинро фалаҷ кунад: теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ҷосусони русӣ дар сатҳҳои миёна нопадид шуданд ва дигар дар ҷойҳои кории худ ҳозир нашуданд.
Муҳимтарин нақшро дар барномаҳои ишғолгарии Русия, тасарруфи зерсохтҳои ҳастаии Укроин ба вижа неругоҳҳои ҳастаии Укроин бозиданд.