Вазири умури хориҷаи Туркия зимни қироати баёнияи муштараки Анқара-Маскав дар бораи шимоли Сурия тасреҳ кард, ки бар асоси тавофуқи ба даст омада бо Русия, террористҳо (ПКК/ПЙД) то умқи 30 километрии марзҳои Туркия ақибнишинӣ хоҳанд кард.
Мавлуд Чавошуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар нишасти хабарии ҳайатҳои сиёси олирутбаи Русия ва Туркия дар шаҳри Сочи зимни қироати баёнияи муштараки Анқара-Маскав дар бораи шимоли Сурия эълом кард: Бар асоси тавофуқи ба даст омада бо Русия, террористҳо то умқи 30 километрии марзҳои Туркия ақибнишинӣ хоҳанд кард.
Вазири хориҷаи Туркия бар ҳифзи вазъияти кунунии минтақаи амалиёти “Чашмаи сулҳ”, ки дарбаргирандаи Ал-Абяз ва Раъсулъайн низ ҳаст, таъкид кард.
Вай бо эъломи ин ки тарафайн бар тамомияти арзӣ ва сиёсии Сурия таъкид кардаанд, аз талошҳои Русия барои эҷоди шароити муносиб барои иҷрои тавофуқ Адоно хабар дод.
Чавушуғлу изҳор дошт: аз соат 12 зӯҳри 23 октябр 2019 полиси низомии(дижбонӣ)-и Русия ва горди марзии Сурия бо ин замонат, ки аносири ИПГ-ро ба ҳамроҳи силоҳҳоишон то умқи 30 километрии марзи Туркия ақиб бмронанд, вориди манотиқи марзи шимоли Сурия дар минтақаи амалиёти Чашмаи сулҳ хоҳанд шуд.
Вай бо таъкид бар ин ки раванди ақибнишинии террористҳо аз марзҳои Туркия зарфи 150 соат анҷом хоҳад шуд, аз оғози гашти марзии муштараки ягонҳои артиши Туркия ва Русия дар умқи 10 километрии марз хабар дод.
Чавошуғлу афзуд: Гашти марзии муштараки Туркия ва Русия дар манотиқи марзии шарқ ва ғарби минтақаи амалиёти чашмаи сулҳ ба ғайр аз шаҳри Қомишли сурат хоҳад гирифт.
Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунин тасреҳ кард: Аносири ИПГ ба ҳамроҳи силоҳҳояшон аз Манбаҷ ва Тал Рифъат хориҷ хоҳанд шуд. Ҳар ду тараф тадобири лозим барои муқобилаи бонуфузи аносири террористиро иттихоз хоҳанд кард.
Чавошуғлу идома дод: Талошҳои муштарак барои тасҳили бозгашти амн ва довталабонаи паноҳҷуён анҷом хоҳад гирифт. Созукори муштарак барои иҷро ва назорат бар ин тавофуқ ташкил хоҳад шуд. Тарафайн ба талошҳои худ дар чорчуби созукори Остона ба манзури ҳалу фасли буҳрони Сурия аз тариқи сиёсӣ идома хоҳанд дод ва аз талошҳои кумитаи қонуни асосии Сурия ҳимоят хоҳанд кард