Рубрики Хабарҳо

Ташдиди назорат дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ҳангоми убуру мурур аз марз  тариқи гузаргоҳи сарҳадии Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон, мошинҳои сабукрав ва ҳам мусофирон дуру дароз ва ҷиддӣ тафтиш мешаванд.

Дар ин бора хабаргузории Tajikistantimes иттилоъ додааст.

Тибқи манбаъ умдатан мошинҳои сабукрави Тоҷикистон, ки бори аввал ба хоки Ӯзбекистон ворид мешаванд, то 3-4 соат тафтиш мешаванд.

Манбаъи ин хабар ба хабаргузории Tajikistantimes гуфтааст, эҳтимол далели сахт шудани тафтиши мошинҳои Тоҷикистон дар марз ба ҳодисаи ошкор шудани интиқоли маводи мухаддир дар гузаргоҳи Ойбек дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон рабт дошта бошад.

Ронандаҳои тоҷик мегӯянд, ки ҳангоми убур аз марз кормандони ниҳодҳои гумрукии  Ӯзбекистон онҳоро ба боз кардани балонҳои газ, чархҳои мошин ва чархҳои эҳтиётӣ водор мекунанд.

Кормандони гумрук ҳадаф аз ин иқдоми сахтгиронаро навъи талош барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон унвон кардаанд.

Ронандагон мегӯянд, ки роҳи ҳалли ин мушкил насби асбобҳои замонавӣ барои назорати интиқоли маводи мухаддир дар гузаргоҳҳои марзӣ мебошад, ки тафтиши мошинҳо зуд ва бидуни асабоният анҷом мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони шаҳри Панҷакент гуфтаанд, ки дар вақтҳои ахир кормандони гумруки Тоҷикистон ба сокинони Панҷакент иҷоза намедиҳанд, ки аз шаҳри Самарқанд маводи ғизоӣ ва мева ворид кунанд.

Қаблан сокинони Панҷакент аз бозори маъруфи Ургут дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон бо нархи аз Тоҷикистон хеле поинтар маводи ғизоӣ харидорӣ карда,  бидуни мушкил ба Панҷакент меоварданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *