Як зани сатрпӯш дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар маркази Душанбе даст ба эътироз задааст. Ӯ мегӯяд, барои сатр пӯшидан вайро аз бозор пеш карда, кормандони мақомот соати яки шаб ба хонааш омадаанд, ки сатр напӯшад. Ба гуфтаи шоҳидон, кормандони амният омада, ин занро бо худ бурдаанд. Дар бораи кӣ будани ин зани эътирозгар ва сарнавишти баъдиаш иттилое дастрас нашуд.
Дар видеое, ки яке аз хонандагони сомонаи «Ахбор” фиристод, зане дида мешавад, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе дар байни роҳи пурмошин истодааст ва мехоҳад худро ба нишони эътироз зери мошин партояд. Ӯро чанд ҷавон иҳота кардаанд ва ин зан ба онҳо мегӯяд, ки барои пӯшидани сатр ӯро аз бозор берун карданд ва кормандони мақомот соати яки шаб ба хонааш омада, маҷбур кардаанд, ки дигар сатр напӯшад.
Ба гуфтаи манбаи видео, ин ҳодиса шоми 5 август дар чорроҳаи роҳи мошингарди назди бинои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рух додааст.
Ӯ афзуд, ки баъди чанде кормандони КДАМ ба ҷои ҳодиса омада, ин занро бо худ бурданд. Сарнавишти баъдии ӯ маълум нест.
Ба сомонаи «Ахбор” муяссар нашуд, ки шахсияти ин зани эътирозгарро низ маълум кунад.
Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди кадом фармони манъи бастани сатру ҳиҷоб ва баргузории маъракаҳо ба зидди чунин пӯшишҳои исломӣ дар кишварро рад мекунанд ва мегӯянд, ба занону духтарон ба ҷои либосҳои «бегона” пӯшидани либоси миллии тоҷикиро танҳо бо роҳи фаҳмондадиҳӣ” тарғиб мекунанд. Вале ҳар сари чанд вақт дар Интернет гузоришҳое нашр мешуданд, ки чигуна мақомот дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон дар кӯчаву бозорҳои занони ҳиҷобпӯшро манъ мекунанд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки рӯмоли сарашонро «тоҷикӣ”, яъне кӯтоҳ ва ба сӯи пушт бубанданд. Онҳоеро, ки ин талабро қабул намекунанд, номашонро дар рӯйхатҳои махсус менависанд ва ҳатто ба шуъбаҳои милитсия бурда, барои «вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ” ҷарима мебанданд.
Ин маъракаи мубориза бо сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон ахиран дар пайи интиқодҳои шадид дар дохилу берун то ҳадде фурӯ нишаста буд, вале дар рӯзҳои охир, тавре ба назар мерасад, дигарбора вусъат ёфтааст.
Аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳое нашр шуд, ки бо ҳиҷоб даромадани занон ба «Боғи Ирам” (собиқ Боғи ботаникӣ)-и Душанберо манъ кардаанд ва дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милиса як халта дар даст дар кӯча аз сари заноне, ки рӯмоли худро ба шакли ҳиҷоб бастаанд, рӯймолҳояшонро кашида гирифта, дар халта бо худ мебаранд. Заноне ки ҳиҷоби худро талаб мекунанд, таҳдид кардаанд, ки ҷаримаатон ҳам мекунем.
Маъракаи мубориза бо либосҳои «барои фарҳанги мардуми тоҷик бегона”, ки мақомот онро «корҳои фаҳмондадиҳӣ” ва мардум «рейди зидди занону духтарони ҳиҷобпӯш” ном мебаранд, як сол пеш дар ҳамин шабу рӯз дар пайи суханронии раисиҷумҳурЭмомалӣ Раҳмондар нишасти бахшида ба 10-солагии қабули қонуни танзими расму ойин дар таърихи 11 июли соли 2017 авҷ гирифта буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар он суханрониаш бори дигар ба масъалаи ришу ҳиҷоб пардохт ва гуфт,»Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу саллаву риш.”Эмомалӣ Раҳмон аз мақомот талаб кард, то «пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро ба таври қатъӣ гиранд”ва бахусус дар байни занону духтарон»ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшанд.”
Ба дунболи он суханронӣ дар саросари кишвар гуруҳҳои корӣ барои мубориза бо либосҳои «бегона” ташкил шуда, занону духтарони ҳиҷобпӯшро дар кӯчаву бозор манъ мекарданд ва кормандони милиса бо талаби даст кашидан аз ҳиҷоб ҳатто ба манзилҳои занони сатру ҳиҷобпӯш мерафтанд.
Ҳамин тавр, дар дари идораҳои давлатӣ эълонҳое пайдо шуд, ки ба ин идораҳо ворид шудан бо сатру ҳиҷобро манъ мекард.
Аз ҷумла дар Интернет акси як эълон дар даромадгоҳи боғчаи бачагони рақами 157-уми шаҳри Душанбе нашр шуд, ки дар он гуфта мешавад:»ЭЪЛОН Ба муассисаи таълимии томактабии N157 бо сатр ва телефони мобилӣ даромадан қатъиян манъ аст!”
Ҳамин тавр рӯзи 6 сентябри соли 2017 тамоми ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо дархости Кумитаи занон ва оила ҳатто ба муштариёни худ ба ин мазмун, ки»Риояилибосимиллӣҳатмист», «Либосимиллироэҳтиромкунед»ва»Биёед,либосимиллироанъанатабдилдиҳем»ҳазорон СМС фиристоданд.
Ҳамчунин дар рӯзҳои авҷи мубориза бо сатру ҳиҷоб дар Интернет огоҳиномае аз номи идораи ақди никоҳ (ЗАГС) нашр шуд, ки дар он шаҳу арӯс огоҳ карда мешаванд, ки»ворид шудани занону духтарон бо сатру ҳиҷоб ба Хонаи ақди никоҳи ш. Душанбе манъ аст.”
Бар асоси кадом қонун будани талаби манъи сатру ҳиҷоб дар ин огоҳинома низ шарҳ дода нашудааст, вале аз домодҳову арӯсҳо хоҳиш мешавад, ки»тартибу талаботи қонуни мазкурро риоя намоед ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳед.”
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси як эълон дар даромадгоҳи ҷамоати Симиганҷи Ваҳдатниз чарх мезанад, ки дар он низ гуфта мешавад: «Бо либосҳои бегона ба ҷамоат даромадан қатъиян манъ мебошад.”
Ин ҳама дар ҳолест, ки кадом заминаи қонуние барои манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Танҳо дар таҳрири охири қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо”, ки моҳи августи соли 2017 қабул шуд, моддаи 14, прим 1 илова шудааст, ки зоҳиран пӯшидани сатру ҳиҷобро дар маъракаҳо манъ мекунад:»Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.”
Манбаъ: сомонаи «Ахбор»