Додугирифт миёни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 68 дарсад аз тиҷорати хориҷии кишварро ташкил додааст. Дар ин бора дирӯз, 28 сентябр вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи 21-уми вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иттилоъ дод.
Тибқи иттилоъи вазорат дар ҷаласа вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои аъзои СҲШ — Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Россия ва Узбекистон иштирок кардаанд.
Вазирон дар ин нишаст густариши ҳамкорӣ дар самти иқтисоди рақамиву сабз, тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёту инфрасохтор, логистика, сайёҳӣ ва ғайраро баррасӣ кардаанд.